Паёми сиёсатмадори итолиёвӣ бо акси қаҳрамони миллӣ ба Ҷабҳаи муқовимат: Пирӯзӣ насибатон
15:15 02.01.2022 (Навсозишуда: 15:42 02.01.2022)
© Некбахт Истамкулзода / Одноклассники Ахмад Шах Масуд
Обуна шудан
Муовини собиқи вазири хориҷаи Итолиё бо нашри акси қаҳрамони миллии Афғонистон ба Ҷабҳаи муқовимат муваффақият таманно кардааст
ДУШАНБЕ, 2 янв - Sputnik. Гилермо Пике, муовини собиқи вазири умури хориҷаи Итолиё, дар Twitter акси Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллиро мунташир карда ва навишт, ки соли навро "ба охирин такягоҳи муқовимат дар Афғонистон ва Панҷшер алайҳи ваҳшигариҳои толибон бахшидааст".
"Умедвора, ки соли 2022 соли ҳалкунанда ва муваффақ хоҳад буд. Поянда бод Ҷабҳаи муқовимат", - навиштааст ӯ.
Ин сиёсатмадор гуфтааст, оғози соли 2022-ро ба ҳамаи онҳое, ки барои озодӣ мубориза мебахшад. Аз Ҳонконг то Панҷшер ба мо ҷаҳони озодтар, бехатартар ва одилонатар лозим аст.
Мавриди зикр аст, ки Гилермо Пике аз соли 2018 то соли 2019 дар кобинаи Конте ба ҳайси муовини вазири корҳои хориҷии Итолиё кор кардааст.
Vorrei dedicare l'inizio del 2022 a tutti coloro nel mondo che combattono per la libertà, ogni tipo di libertà. Abbiamo bisogno di un mondo più libero sicuro e giusto. Da #HongKong a #Navalnyj al #Panjshir a ogni luogo del mondo dove si soffre la mancaza di #libertà. pic.twitter.com/wL9PMUfrtI
— Guglielmo Picchi 🇮🇹 (@guglielmopicchi) January 1, 2022
Пас аз суқути Кобул дар таърихи 15 авкуст ба дасти толибонАҳмад Масъуд аз ташкили Ҷабҳаи муқовимати милли дар Панҷшер хабар дод ва муборизаро оғоз кард.
Бо вуҷуди ин, Ҷабҳаи муқовимат ва толибон дар аввал вориди музокира шуданд, аммо пас аз нокомии музокирот, ҷангиён ба Панҷшер ҳамла карданд ва пас аз чанд рӯз эълом карданд, ки ин вилоятро комилан таҳти назорат гирифтаанд.
Аммо нерӯҳои муқовимати миллӣ мегӯянд, ки Панҷшер комилан суқут накардааст ва муқовимат идома дорад.