Коҳиши вазн бидуни маҳдудияти ғизо: шарҳи мутахассисон

© Pixabay/cocoparisienneОжирение, архивное фото
Ожирение, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2022
Обуна шудан
Мутахассиси тағзия (диетолог)-и бритониёӣ роҳи кам кардани вазнро бидуни маҳдудияти парҳезӣ ҷорӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 2 янв – Sputnik. Тамара Вилер, мутахассиси аршади ғизо дар Хадамоти миллии тандурустии Бритониё, роҳи аз даст додани вазнро бидуни маҳдудияти ғизо муъаррифӣ кардааст.
Вилнер шарҳ дод, ки ҳисобкунии калорияҳо ҳамчун роҳи ҳалли дарозмуддат барои вазни зиёдатӣ кор намекунад.
Парҳези сахт боиси гуруснагӣ ва асабонӣ мешавад, гуфт ӯ. Дар натиҷа, шахс назоратро аз даст медиҳад ва бори дигар вазн мегирад.
"Парҳезҳо ба мубодилаи моддаҳо таъсири манфӣ мерасонанд, ки боиси ҷамъ шудани равғанҳои нолозим мегардад", - гуфт ӯ.
Барои он ки бидуни маҳдуд кардани реҷаи ғизоӣ, ба таносуби андом бирасед, бояд аз ғизои комиле бихуред, ки аз ҷиҳати сафеда ва равғанҳои солим мутавозин аст, ки боиси сершавии дарозмуддат мегардад.
Жители Претории, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Чаро шумори занони фарбеҳ нисбат мардон бештар аст? Посухи пизишк
"Ҳамчунин муҳим аст, ки ба худ иҷозат диҳед, ки он чизеро, ки ба шумо маъқул аст, ба меъёр бихӯред ва то ҳадди имкон ғизои солим бихӯред", - гуфт мутахассиси ғизо
Ба гуфтаи мутахасси, ин кор боиси кощиши мизони карбогидратҳои тозашуда мешавад, ки дар навбати худ иштиҳои шуморо ба хӯрокҳои равғанин коҳиш медиҳад ва хатари пайдоиши навъҳои онҳоро кам мекунад.
Қаблан Ирина Бережная, номзади илмҳои тиб, гастроэнтеролог ва мутаъхассиси ғизо низ гуфта буд, ки фарбеҳӣ на танҳо аз сифат ва миқдори хӯроки истеъмолшуда вобаста аст.
Ин оилими рус дар мусоҳиба бо радиои Sputnik се қоидаҳои оддиро номбар кард, ки имкон медиҳад бидуни зарар ба саломатӣ, машғул шудан ба варзиш ва даст кашидан аз ғизои дӯстдошта хароб шавед.
Ба гуфтаи вай, якумаш тағйир додани вазъ аст. Наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ва шом бояд дар муҳити ором ташкил карда шавад.
Шахс вақти хӯрокхӯрӣ бояд ором бошад ва шитоб накунад.
"Телевизор тамошо кардан ва мусиқӣ гӯш кардан нодуруст аст", - таъкид мекунад диетолог.
В Самарканде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Се одати рӯзмарра, ки умрро дароз мекунад
Вай қайд кард, ки танҳо дар ин ҳолат метавон маззаи хӯрокро ҳис кард ва аз истеъмоли он ҳаловат бурд.
Мувофиқи суханони Бережная онҳое, ки дар назди телевизор хӯрок мехӯранд, инчунин аз таъсири ангезандаҳои беруна парешон мешаванд, зудтар вазни зиёдатӣ мегиранд.
Дигар қоидаи муҳим газакҳои истисноӣ "дар вақти кор" мебошанд. Мутахассиси диетолог таъкид кард, ки чунин одат метавонад боиси аз ҳад зиёд хӯрдан гардад.
Лентаи хабарҳо
0