https://sputnik.tj/20220102/hifz-tojikiston-siloh-poygoh-1044578166.html
Барои ҳифзи Тоҷикистон чӣ силоҳҳое истифода мешавад: пойгоҳи 201дар соли 2021 чӣ гирифт
Барои ҳифзи Тоҷикистон чӣ силоҳҳое истифода мешавад: пойгоҳи 201дар соли 2021 чӣ гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон танҳо аз навъҳои пешрафтаи аслиҳа ва техника истифода мекунад
2022-01-02T15:50+0500
2022-01-02T15:50+0500
2022-01-02T15:50+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
пойгоҳи 201
артиш
ҳавзаи марказии низомии русия
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043239355_0:0:2855:1606_1920x0_80_0_0_770440c78b5e18616b82bbc7fe200133.jpg
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Соли 2021 пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон намунаҳои зиёди техника ва силоҳҳои муосир дарёфт кард, омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии харбӣ.Хамаи масолех мувофики накшаи мусаллахшавии кушунхо оварда шуд. Намояндагони Округи марказии харбй дар байни техника танкхои модернизацияшудаи Т-72Б3М ва мошинхои чангии пиёдагарди БМП-2М-ро махсус кайд мекунанд. Ҳама воридоти техника мувофиқи нақшаи мусаллаҳшавии қушунҳо оварда шуд. Намояндагони Ҳавзаи марказии харбӣ миёни техникаҳои низомии воридгашта, танкҳои навини Т-72Б3М ва мошинҳои ҷангии пиёданизоми БМП-2М-ро махсус қайд мекунанд.Пойгоҳ ғайр аз техникаи ҷангии дар боло номбаршуда устохонаҳои хизматрасонии техникӣ ва челонгарӣ барои таъмири техника ва ярок дар шароити саҳроиро дастрас кард.Русия марзи Тоҷикистонро бо танкҳо таҳким бахшид: видеоБарои таҳкими қисмҳои артиллерия комплекси сайёри радарии иктишофӣ ва назорати оташфишонии "Аистенок" оварда шуд. Дастгоҳ барои кашфи мавқеъҳои силоҳи оташфишони душман, ҳисоб кардани масири партобҳо пешбинӣ шудааст.Тибқи иттилои ситоди Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, дар маҷмӯъ, соли 2021 беш аз 50 воҳиди нав ва навсозии техникаи ҳарбӣ дар пойгоҳи 201-ум ба хидмат даромад. Пойгоҳи 201-уми низомӣ, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин иншооти низомии Русия дар берун аз марзи он аст. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.
https://sputnik.tj/20211206/tonkh-rusiya-tojikiston-rasidand-1043970006.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043239355_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_6073de0ec1548a379cbe75abe7e868b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳифз тоҷикистон силоҳ
Барои ҳифзи Тоҷикистон чӣ силоҳҳое истифода мешавад: пойгоҳи 201дар соли 2021 чӣ гирифт
Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон танҳо аз навъҳои пешрафтаи аслиҳа ва техника истифода мекунад
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Соли 2021 пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон намунаҳои зиёди техника ва силоҳҳои муосир дарёфт кард, омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии харбӣ.
Хамаи масолех мувофики накшаи мусаллахшавии кушунхо оварда шуд. Намояндагони Округи марказии харбй дар байни техника танкхои модернизацияшудаи Т-72Б3М ва мошинхои чангии пиёдагарди БМП-2М-ро махсус кайд мекунанд.
Ҳама воридоти техника мувофиқи нақшаи мусаллаҳшавии қушунҳо оварда шуд. Намояндагони Ҳавзаи марказии харбӣ миёни техникаҳои низомии воридгашта, танкҳои навини Т-72Б3М ва мошинҳои ҷангии пиёданизоми БМП-2М-ро махсус қайд мекунанд.
"Маҷмӯаи автоматҳои нави АК-12, системаҳои муосири сайёри зиддиҳавоӣ ПЗРК) "Верба", снайперҳои калонкалибри АСВК-М" Корд ", пулемиётҳои НСВ "Утес", "пулемётҳо, зидди танк системаҳои мушакии "Корнет" ворид карда шуд", - шарҳ додааст хадамоти матбуотӣ дар бораи таъмини силоҳ дар пойгоҳ.
Пойгоҳ ғайр аз техникаи ҷангии дар боло номбаршуда устохонаҳои хизматрасонии техникӣ ва челонгарӣ барои таъмири техника ва ярок дар шароити саҳроиро дастрас кард.
Барои таҳкими қисмҳои артиллерия комплекси сайёри радарии иктишофӣ ва назорати оташфишонии "Аистенок" оварда шуд. Дастгоҳ барои кашфи мавқеъҳои силоҳи оташфишони душман, ҳисоб кардани масири партобҳо пешбинӣ шудааст.
Тибқи иттилои ситоди Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, дар маҷмӯъ, соли 2021 беш аз 50 воҳиди нав ва навсозии техникаи ҳарбӣ дар пойгоҳи 201-ум ба хидмат даромад.
Пойгоҳи 201-уми низомӣ, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин иншооти низомии Русия дар берун аз марзи он аст. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.