Аз болоравии нархи чиптаи метро то сигор: аз 1 январ дар Русия чӣ тағйир ёфт

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкПодготовка к Новому году в России
Подготовка к Новому году в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
Обуна шудан
Тағирот дар Русия ба ҳама ва қариб дар тамоми соҳаҳои ҳаёт таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Дар Русия сар аз 1 январ чанд навоварӣ ба амал даромад. Интихоби қонунҳо, пардохтҳо ва қоидаҳои навро РИА Новости ҷамъоварӣ кардааст.
Масалан, пардохтҳои иҷтимоӣ тағир ёфтанд: ҳадди ақали музди меҳнат аз моҳи январи соли 2022 13 890 рубл, ҳадди ақали зиндагӣ 12 654 рубл, нафақаҳо 5,9% индексатсия шудаанд.
Нархи ҳадди ақали сигор ба 112 рубл барои як қуттӣ расид.
Нархи чиптаи метро дар Маскав ҳамакнун 61 рубл шуд ва арзиши абонентӣ низ боло рафтааст.
Аз моҳи январи соли 2022 арзиши кадастрии манзил дар Маскав 21%, андоз аз манзилҳои Маскав 10% афзоиш меёбад.
Граждане Узбекистана идут на посадку в терминале аэропорта Внуково  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
Сабукиҳо тамом шуд: аз 1 январ ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Русия оғоз мешавад
Аз январи соли 2022 на танҳо шаҳрвандон метавонанд тавассути низоми пардохти зуд ба ҳамдигар пул фиристанд, балки шахсони ҳуқуқӣ, сохибкорони инфиродӣ ва ашхоли алоҳида низ метавонанд ин корро кунанд.
Синну соли ҳадди ақал барои соҳиби як қатор силоҳҳо барои русиягиҳо аз 18 ба 21 иваз карда шуд.
Русиягиҳое, ки беш аз 1 миллион рубл дар суратҳисобҳои бонкӣ доранд, бояд аз даромади фоизӣ андоз супоранд ва бонкҳою муштариёни онҳо барои пинҳон кардани маълумот ҷаримаҳои нав хоҳанд супорид.
Ҳамчунин дар Русия аз соли 2022 имкон пайдо мешавад, ки рейтинги кредитии инфиродӣ дар баробари таърихи қарз гирифта шавад.
Аз соли 2022 дар хонаҳо танҳо ҳисобкунакҳои щушманди барқро насб кардан мумкин аст.
Аз 1 январ муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ метавонанд аз Федератсияи Русия ихроҷ ва корфармоён барои шуғли ғайриқонунии онҳо ҳар кадом ба маблағи то 800 ҳазор рубл ҷарима шаванд.
Ширкатҳои бзурги байналмилалии IT бояд намояндагиҳои худро дар Русия боз кунанд.
Инчунин, бори дигар меъёрҳо дар истеҳсоли машрубот сахттар шуданд.
Лентаи хабарҳо
0