Оташгирии арчаи солинавӣ дар Қазоқистон - видео

Обуна шудан
Соли нав дар шаҳри Тараз тибқи нақша сурат нагирифт, зеро дар миёни ид арчаи солинавӣ дар майдони асосӣ сӯхт
Дар шаҳри Тарази Қазоқистон арчаи солинавӣ, ки дар майдони Шаҳристон насб шуда буд, ба коми оташ рафт.
Мардум аз ҳодиса ҳайратзада нашуданд. аммо баръакс дар нази рамзи солинавии харобшуда аксбардорӣ мекарданд.
"Ид саргармкунандатар шуд", - шарҳ додааст муаллифи навор
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳр, майдони сӯхтор 15 метри мураббаъро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, арчаи сунъӣ бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сар задааст
Навбатдории оташнишонҳо дар пеши арчаҳо: мақомоти тоҷик роҳи пешгирии сӯхторро гуфтанд?
Барои хомӯш кардани сӯхтор 14 нафар ва 4 воҳид техникаи изтирории вилояти Ҷамбул ҷалб шудааст. Гуфта мешавад, ки то соати 00:20 сӯхтор хомӯш карда шудааст.
Ёдовар мешавем дар Тоҷикистон низ қаблан сӯхори арчаҳои солинавӣ ба қайд гирифта шуда буд. Чунин ҳолат соли 2018 дар маркази ноҳияи Рашт рух дода буд, ки арчаи солинавӣ оташ гирифт.
Имсол дар Тоҷикистон оташнишонҳо дар назди арчаҳои калони солинавии Душанбе ва шаҳру навоҳии кишвар якҷо бо кормандони милиса навбатдории шабонарӯзиро роҳандозӣ намуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0