https://sputnik.tj/20211231/muhlati-baqaydgirii-simkortho-ba-poyon-merasad-qat-mekunand-yo-tamdid-1044546509.html
Муҳлати бақайдгирии симкортҳо ба поён мерасад: қатъ мекунанд ё тамдид?
Муҳлати бақайдгирии симкортҳо ба поён мерасад: қатъ мекунанд ё тамдид?
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи ба охир расидани муҳлати сабти дубораи симкортҳои мобилии шаҳрвандон дар моҳи оғози соли 2022 хабар додааст
2021-12-31T10:00+0500
2021-12-31T10:00+0500
2022-01-06T15:38+0500
дар тоҷикистон
симкорт
муҳлат
тамдид
қатъ
сабт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102223/19/1022231904_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_b87af025000259d64fa3aba5e0066d29.jpg
ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Бино ба эълоне, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар остонаи соли нави мелодӣ пахш намудаанд, муҳлати сабти симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи нав то 15 феврали соли 2022 ба анҷом мерасад.Эҳтимол баъд аз ин сана симкортҳое, ки азнавбақайдгирӣ нагузаштаанд корашон қатъ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки чанде пеш ин ниҳод дар бораи беш аз 2, 4 миллион симкорти муштариён гуфта буд, ки то ҳол дубора сабти ном нашудаанд.Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо нашри ин эълон аз тариқи расонаҳои давлатӣ аз шаҳрвандоне, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, барои идомаи фаъолбудани рақамашон тақозо намудааст, ки то санаи 15 - феврали соли 2022 барои иваз намудани шиносномаи худ ба шуъбаҳои шиносномадиҳии шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.Ин ниҳод ҳуҷҷатҳои лозим барои иваз намудани шиносномаи навро шарҳ додааст, ки аз ҷумла аз шиносномаи намунаи соли 1996, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари амрикоӣ бо асъорӣ миллӣ ва як дона сурати сиёҳу сафед ба андозаи 3,5 ва 4,5 мм иборат мебошад.Ҳукумати Тоҷикистон ахиран дар моҳи февраи соли 2019 қарореро содир намуд, ки тибқи он фурӯш ва азнавбақайдгирии симкортҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 анҷом дода мешавад.Аз замони судури ин қарор ба номи як шахс барасмият даровардани на зиёда аз ду симкорт дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи мобилӣ иҷоза дода мешавад.
https://sputnik.tj/20211221/prezident-telefon-shirkat-1044284089.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102223/19/1022231904_208:0:1108:675_1920x0_80_0_0_0eef8a46621f31f47111a30aa9a7df04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, симкорт, хадамоти алоқа, бақайдгирӣ, қатъ, тамдид
тоҷикистон, симкорт, хадамоти алоқа, бақайдгирӣ, қатъ, тамдид
Муҳлати бақайдгирии симкортҳо ба поён мерасад: қатъ мекунанд ё тамдид?
10:00 31.12.2021 (Навсозишуда: 15:38 06.01.2022) Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи ба охир расидани муҳлати сабти дубораи симкортҳои мобилии шаҳрвандон дар моҳи оғози соли 2022 хабар додааст
ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Бино ба эълоне, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар остонаи соли нави мелодӣ пахш намудаанд, муҳлати сабти симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи нав то 15 феврали соли 2022 ба анҷом мерасад.
Эҳтимол баъд аз ин сана симкортҳое, ки азнавбақайдгирӣ нагузаштаанд корашон қатъ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки чанде пеш ин ниҳод дар бораи беш аз 2, 4 миллион симкорти муштариён гуфта буд, ки то ҳол дубора сабти ном нашудаанд.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо нашри ин эълон аз тариқи расонаҳои давлатӣ аз шаҳрвандоне, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, барои идомаи фаъолбудани рақамашон тақозо намудааст, ки то санаи 15 - феврали соли 2022 барои иваз намудани шиносномаи худ ба шуъбаҳои шиносномадиҳии шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.
Ин ниҳод ҳуҷҷатҳои лозим барои иваз намудани шиносномаи навро шарҳ додааст, ки аз ҷумла аз шиносномаи намунаи соли 1996, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари амрикоӣ бо асъорӣ миллӣ ва як дона сурати сиёҳу сафед ба андозаи 3,5 ва 4,5 мм иборат мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон ахиран дар моҳи февраи соли 2019 қарореро содир намуд, ки тибқи он фурӯш ва азнавбақайдгирии симкортҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 анҷом дода мешавад.
Аз замони судури ин қарор ба номи як шахс барасмият даровардани на зиёда аз ду симкорт дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи мобилӣ иҷоза дода мешавад.