Баъд аз Тоҷикистон Ӯзбекистон ҳам бо ширкати “Брешно” созишномаи як сола имзо кард

© Sputnik / Андрей Сорокин / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередач в мороз, архивное фото
Линии электропередач в мороз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2021
Обуна шудан
Ӯзбекистон ҳам бо намояндагони ширкати “Брешно” (DABS) созишномаи содироти барқро ба имзо расонд. Ҳамин тавр Ӯзбекистон мисли Тоҷикистон дар соли 2022 содироти барқ ба Афғонистонро идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ширкати энержии Афғонистон “Брешно” (DABS) иттилоъ додааст, ки ин ширкат ва ширкати “Шабакаҳои миллии Ӯзбакистон” созишномаи яксолаи интиқоли нерӯи барқро ба имзо расонданд, иттилоъ додааст сомонаи “Afghanistan.ru”.
Бар асоси ин санад, Тошканд то охири соли 2022 ба Кобул нерӯи барқ ​​мефурӯшад. Арзиши умумии ин қарордод 100 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, ҳаҷми пешбинишудаи интиқоли нерӯи барқ ​​2 миллиард кВт/соатро ташкил медиҳад.
Созишномаи мазкурро роҳбари ширкати “Брешно” (DABS) Муҳаммад Амин ва раиси раёсати ҶСК “Шабакаҳои миллии Узбакистон” Дадаҷон Исоқулов имзо карданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Тоҷикистон бо ширкати афғонистонии "Брешно" (DABS) қарордоди яксолаи содироти барқ имзо кард.
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
"Барқи Тоҷик" расман қарордоди фурӯши барқ бо Афғонистонро шарҳ дод
Ин қарордод дар ҷараёни сафари як ҳайати Афғонистон ба Ӯзбекистон тасвиб шуд. Зикр гардид, ки қарордодро Мирзо Имсоилзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" ва Ҳофиз Муҳаммад Амин, раиси умумии иҷроияи ширкати "Брешно" имзо карданд.
Мувофиқи ин қарордоди иловагӣ, соли 2022 ширкати "Барқи тоҷик" ба "Брешно" дар гармо, аз моҳи май то сентябр, ҳар шабонарўз то 400 МВТ барқ интиқол хоҳад дод.
"Гап сари он ки кишвари мо дар ин давра барқи фаровон дорад ва харидори асосии он ширкати "Брешно" ба шумор меравад. Маблағе, ки аз содироти барқ зимни ин қарордод ҳар сол ба даст меояд, барои рушди системаи энергетикӣ хеле зарур аст", - таъкид кардааст "Барқи тоҷик".
Лентаи хабарҳо
0