https://sputnik.tj/20211230/zhirinovski-qonun-shahrvandi-rusiya-1044516663.html
"Бидуни харид": Жириновский қонуни нав дар бораи шаҳрвандӣ дар Русияро арзёбӣ кард
"Бидуни харид": Жириновский қонуни нав дар бораи шаҳрвандӣ дар Русияро арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадори Русия қонуни нав дар бораи шаҳрвандии Русияро шарҳ дода, дар бораи бартариҳои равиши нав ҳангоми додани шиноснома сухан гуфт
2021-12-30T09:04+0500
2021-12-30T09:04+0500
2021-12-30T14:56+0500
дар русия
андеша
владимир жириновский
тарҳи қонун
гирифтани шаҳрвандӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1d/1041954294_0:0:3231:1818_1920x0_80_0_0_a88452012f6135af4727b6fed3d2cd2e.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Лоиҳаи нави қонунҳои пешниҳодкардаи президенти Русия дар бораи шаҳрвандии Русия имкони харидани шиносномаи Русияро истисно мекунад, гуфт раҳбари ЛДПР Владимир Жириновский дар канали "Telegram"-и худ. "Лоиҳаи қонун вуруд ба шаҳрвандии Русияро бо асосҳои расмӣ истисно мекунад", - навиштааст сиёсатмадор.Вай қайд кард, ки ин санад мақоми тартиби ворид шудан ба шаҳрвандии Федератсияи Русияро боло бурда, ба номзадҳое, ки бояд ба таври органикӣ ба ҷомеа шомил шаванд ва узви комилҳуқуқ шаванд, талаботи махсуси ахлоқиро пешниҳод мекунад. Илова бар ин намояндагони аҳолии Иттиҳоди Шӯравии собиқ, ба таври пешфарз, ҳуқуқи бештаре барои гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд.Ёдовар мешавем, 29 декабр раисҷумҳури Русия Владимир Путин тарҳи қонуни “Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия”-ро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки дар он коҳиши талабот барои бархе аз мутақозиён пешбинӣ шудааст.Тағйирот ба 20 категорияи одамон, аз ҷумла ба ҳамватанони собиқе, ки дар ИҶШС зиндагӣ мекарданд ва ё аҷдодони онҳо дахл доранд.Дар тавзеҳи лоиҳаи қонун зикр мегардад, ки аз оғози қабули Қонуни федералӣ "Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия" аз 31 майи соли 2002 беш аз 7,3 миллион нафар ба шаҳрвандии Русия қабул шудаанд.
https://sputnik.tj/20211229/giriftan-shahrvandi-rusia-oson-1044503175.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1d/1041954294_106:0:2837:2048_1920x0_80_0_0_a21c42d59703e78b4383487d81dc4f37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
жириновский қонун шаҳрвандӣ русия
жириновский қонун шаҳрвандӣ русия
"Бидуни харид": Жириновский қонуни нав дар бораи шаҳрвандӣ дар Русияро арзёбӣ кард
09:04 30.12.2021 (Навсозишуда: 14:56 30.12.2021) Сиёсатмадори Русия қонуни нав дар бораи шаҳрвандии Русияро шарҳ дода, дар бораи бартариҳои равиши нав ҳангоми додани шиноснома сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Лоиҳаи нави қонунҳои пешниҳодкардаи президенти Русия дар бораи шаҳрвандии Русия имкони харидани шиносномаи Русияро истисно мекунад, гуфт раҳбари ЛДПР Владимир Жириновский дар канали "Telegram"-и худ.
"Лоиҳаи қонун вуруд ба шаҳрвандии Русияро бо асосҳои расмӣ истисно мекунад", - навиштааст сиёсатмадор.
Вай қайд кард, ки ин санад мақоми тартиби ворид шудан ба шаҳрвандии Федератсияи Русияро боло бурда, ба номзадҳое, ки бояд ба таври органикӣ ба ҷомеа шомил шаванд ва узви комилҳуқуқ шаванд, талаботи махсуси ахлоқиро пешниҳод мекунад.
Илова бар ин намояндагони аҳолии Иттиҳоди Шӯравии собиқ, ба таври пешфарз, ҳуқуқи бештаре барои гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд.
"Дар баробари ин бинобар ба ваколати Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ гузаштани як қисме аз умур дар ин хусус раванди дарёфти мақоми шаҳрвандӣ то се моҳ тасреъ мешавад. Воқеан ин он чизест, ки Ҳизби либерал-демократӣ дар тӯли солҳои зиёд пешниҳод мекунад: бидуни таъхир, бевосита дар консулгариҳои Русия ба русҳо шиноснома дода шавад",- таъкид кард Жириновский.
Ёдовар мешавем, 29 декабр раисҷумҳури Русия Владимир Путин тарҳи қонуни “Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия”-ро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки дар он коҳиши талабот барои бархе аз мутақозиён пешбинӣ шудааст.
Тағйирот ба 20 категорияи одамон, аз ҷумла ба ҳамватанони собиқе, ки дар ИҶШС зиндагӣ мекарданд ва ё аҷдодони онҳо дахл доранд.
Дар тавзеҳи лоиҳаи қонун зикр мегардад, ки аз оғози қабули Қонуни федералӣ "Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия" аз 31 майи соли 2002 беш аз 7,3 миллион нафар ба шаҳрвандии Русия қабул шудаанд.