https://sputnik.tj/20211230/vatandor-sozmoni-navi-hizbi-hokim-tojikiston-1044538218.html
“Ватандор” - созмони нави ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон
“Ватандор” - созмони нави ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо номи “Ватандор” таъсис ёфт
2021-12-30T18:25+0500
2021-12-30T18:25+0500
2021-12-30T20:49+0500
дар тоҷикистон
ҳхдт
ҳизб
маҷлис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101370/20/1013702017_0:7:1601:907_1920x0_80_0_0_9900fab17fc31bea98c9db5aa8e1abfa.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар арафаи Соли Нави милодӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо номи “Ватандор” таъсис шуд, иттилоъ додааст Кумитаи иҷроияи ин ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ.Дар асоси талаботи қавонини Тоҷикистон, кормандони додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои пайвастан ба сафи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ ариза пешниҳод намуданд.Дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизбӣ, ахиран дар маҷлисгоҳи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Тоҷикистон маҷлиси муассисон барои таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён дар бораи нақши аҳзоби сиёсии кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мазкур дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.“Вобаста ба ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ҳизбиёнро зарур аст, ки фаъолияти худро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд”, - зикр кардааст манбаъ.Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар кори маҷлиси муассисон роҳбарияти ташкилоти ҳизбии “Ватандор” интихоб гардида, шаҳодатномаҳои аъзои нави ҳизб бо тантана супорида шуд.Ёдрас мекунем, ҳарчанд “Ватандор” як ташкилоти ибтидоии ҳизбист, аммо бо чунин ном як ҷунбиши мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар низ фаъол аст, ки ҳадафҳои бузургтаре аз ин ташкилоти ибтидоӣ дорад.Ҷунбиши мардумии "Ватандор” дар соли 2008 аз сӯйи рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик Додоҷон Атовуллоев (Додоҷони Атовуллоҳ) таъсис шудааст.
https://sputnik.tj/20211216/ruznomanigor-vakil-nav-parlumon-1044187618.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101370/20/1013702017_17:0:1440:1067_1920x0_80_0_0_309c257e3bc34b50ece89352e87def99.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, ҳхдт, ватандор, таъсис
тоҷикистон, душанбе, ҳхдт, ватандор, таъсис
“Ватандор” - созмони нави ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон
18:25 30.12.2021 (Навсозишуда: 20:49 30.12.2021) Дар пойтахти Тоҷикистон ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо номи “Ватандор” таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар арафаи Соли Нави милодӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо номи “Ватандор” таъсис шуд, иттилоъ додааст Кумитаи иҷроияи ин ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ.
Дар асоси талаботи қавонини Тоҷикистон, кормандони додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои пайвастан ба сафи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ ариза пешниҳод намуданд.
Дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизбӣ, ахиран дар маҷлисгоҳи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Тоҷикистон маҷлиси муассисон барои таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён дар бораи нақши аҳзоби сиёсии кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мазкур дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.
“Вобаста ба ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ҳизбиёнро зарур аст, ки фаъолияти худро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд”, - зикр кардааст манбаъ.
Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар кори маҷлиси муассисон роҳбарияти ташкилоти ҳизбии “Ватандор” интихоб гардида, шаҳодатномаҳои аъзои нави ҳизб бо тантана супорида шуд.
Ёдрас мекунем, ҳарчанд “Ватандор” як ташкилоти ибтидоии ҳизбист, аммо бо чунин ном як ҷунбиши мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар низ фаъол аст, ки ҳадафҳои бузургтаре аз ин ташкилоти ибтидоӣ дорад.
Ҷунбиши мардумии "Ватандор” дар соли 2008 аз сӯйи рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик Додоҷон Атовуллоев (Додоҷони Атовуллоҳ) таъсис шудааст.