https://sputnik.tj/20211230/vakil-parlumoni-uzvi-ittifoq-navisandagon-1044524094.html
Вакили нави парлумон узви Иттифоқи нависандагон шуд: эълони номи шаш узви нав
Вакили нави парлумон узви Иттифоқи нависандагон шуд: эълони номи шаш узви нав
Sputnik Тоҷикистон
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шаш узви навро ба сафи худ қабул кардааст
2021-12-30T12:33+0500
2021-12-30T12:33+0500
2021-12-30T18:43+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
аъзо
қабул
иттифоқи нависандагони тоҷикистон
нав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/10/1044187793_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_8b289f1a6113dca9f0321600bf3850c5.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар феҳрасти аъзои нави Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоирон Иброҳими Наққош, Ҷавҳари Саидназар, Абдуманнони Хаммор ва Шоҳбегим зикр шудаанд. Дар ин бора Толиб Луқмон, шоири ҷавону шинохтаи тоҷик дар саҳифаи худ хабар дод. Инчунин нависанда Муҷибахон Ҷавҳарӣ низ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гардидааст. Ҷавҳарӣ, ки қаблан роҳбарии идораи фарҳанги шаҳри Исфараро ба уҳда дошт, нимаи моҳи равон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вориди парлумон гардид. Ҷавҳарӣ муаллифи китобҳо дар бахши маориф ва занон мебошад. Тарҷумони ҷавон Сурайё Аҳмадзод низ ба сафи аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайваст.Дар баробари ин бархе аз шоирони тоҷики муқими Ӯзбекистону Русия узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шудаанд. Дар ин қатор аз шоирони тоҷики Ӯзбекистон - Ҷаъфар Муҳаммад, Абдулло Субҳон, Муҳаммад Шодӣ, нависанда Юнуси Имомназар ном бурда шудаанд. Шоири тоҷиктабори муқими Русия Алексей Афғонов низ узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардид. Афғонов шоиру нависандаи тоҷиктабор аз шаҳри Рязан мебошад, ки бо асару шеърҳояш дар мавриди Ватану мардуми тоҷик номдор гардидааст.
https://sputnik.tj/20211215/shohjoiza-gholiboni-furughi-sabhi-donoi-kitob-1044178948.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/10/1044187793_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_87798efa4e0f458956a2b73780d16928.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
узв, иттифоқи нависандагон, аъзо, қабул
узв, иттифоқи нависандагон, аъзо, қабул
Вакили нави парлумон узви Иттифоқи нависандагон шуд: эълони номи шаш узви нав
12:33 30.12.2021 (Навсозишуда: 18:43 30.12.2021) Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шаш узви нав қабул кардааст
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар феҳрасти аъзои нави Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоирон Иброҳими Наққош, Ҷавҳари Саидназар, Абдуманнони Хаммор ва Шоҳбегим зикр шудаанд.
Дар ин бора Толиб Луқмон, шоири ҷавону шинохтаи тоҷик дар саҳифаи худ хабар дод.
Инчунин нависанда Муҷибахон Ҷавҳарӣ низ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гардидааст. Ҷавҳарӣ, ки қаблан роҳбарии идораи фарҳанги шаҳри Исфараро ба уҳда дошт, нимаи моҳи равон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вориди парлумон гардид. Ҷавҳарӣ муаллифи китобҳо дар бахши маориф ва занон мебошад.
Тарҷумони ҷавон Сурайё Аҳмадзод низ ба сафи аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайваст.
Дар баробари ин бархе аз шоирони тоҷики муқими Ӯзбекистону Русия узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шудаанд.
Дар ин қатор аз шоирони тоҷики Ӯзбекистон - Ҷаъфар Муҳаммад, Абдулло Субҳон, Муҳаммад Шодӣ, нависанда Юнуси Имомназар ном бурда шудаанд.
Шоири тоҷиктабори муқими Русия Алексей Афғонов низ узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардид. Афғонов шоиру нависандаи тоҷиктабор аз шаҳри Рязан мебошад, ки бо асару шеърҳояш дар мавриди Ватану мардуми тоҷик номдор гардидааст.