https://sputnik.tj/20211230/naqsha-daromadi-buja-sughd-1044535693.html
Нақшаи даромади буҷа дар Суғд барзиёд иҷро шуд
Нақшаи даромади буҷа дар Суғд барзиёд иҷро шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Суғд эълон кард, ки дар 11 моҳи соли равон ба буҷа чӣ қадар пул ворид карда шуд
2021-12-30T17:15+0500
2021-12-30T17:15+0500
2021-12-30T20:28+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
буҷа
барзиёд
иҷро
нақша
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_0:32:1501:876_1920x0_80_0_0_73b0655394f75916f6bd4387820fca05.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Нақшаи даромади буҷаи давлатӣ дар вилояти Суғд тайи 11 моҳи соли равон панҷ дарсад бештар иҷро гардид. Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, аз январ то аввали декабр ба буҷаи давлатӣ 3 миллиарду 501,9 миллион сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 169,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Манбаъ афзуд, ба буҷаи маҳаллии вилоят 2 миллиарду 191,5 миллион сомонӣ ворид шудаст, ки 105,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Таъкид шудааст, ки инчунин лоиҳаҳои қисми даромад барои соли 2022 ва қисми хароҷоти буҷаи вилояти Суғд барои соли 2022 муаррифӣ шуд. Дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, аз қавли сардори Сарраёсати молияи вилоят Анвар Мирзозода иттилоъ дод, ки қисми даромади буҷаи вилоят дар соли оянда се миллиарду 528 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.Ин дар ҳолест, ки дар қонуни қабулшудаи буҷа барои соли 2022 қисмати хароҷот 33 миллиарду 626,7 миллион сомонӣ ва даромади буҷа 33 миллиарду 2,8 миллион сомонӣ тасдиқ шудааст.
https://sputnik.tj/20211227/dakhlu-kharj-tojikiston-sol-2021-1044447052.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_81:0:1414:1000_1920x0_80_0_0_41421c42049e80223c56ab7c6ce9d132.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мақомот, суғд, буҷа, иҷро,
мақомот, суғд, буҷа, иҷро,
Нақшаи даромади буҷа дар Суғд барзиёд иҷро шуд
17:15 30.12.2021 (Навсозишуда: 20:28 30.12.2021) Мақомоти Суғд эълон карданд, ки дар 11 моҳи соли равон ба буҷа чӣ қадар пул ворид шуд
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Нақшаи даромади буҷаи давлатӣ дар вилояти Суғд тайи 11 моҳи соли равон панҷ дарсад бештар иҷро гардид.
Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, аз январ то аввали декабр ба буҷаи давлатӣ 3 миллиарду 501,9 миллион сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 169,2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Манбаъ афзуд, ба буҷаи маҳаллии вилоят 2 миллиарду 191,5 миллион сомонӣ ворид шудаст, ки 105,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Таъкид шудааст, ки инчунин лоиҳаҳои қисми даромад барои соли 2022 ва қисми хароҷоти буҷаи вилояти Суғд барои соли 2022 муаррифӣ шуд.
Дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, аз қавли сардори Сарраёсати молияи вилоят Анвар Мирзозода иттилоъ дод, ки қисми даромади буҷаи вилоят дар соли оянда се миллиарду 528 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар қонуни қабулшудаи буҷа барои соли 2022 қисмати хароҷот 33 миллиарду 626,7 миллион сомонӣ ва даромади буҷа 33 миллиарду 2,8 миллион сомонӣ тасдиқ шудааст.