https://sputnik.tj/20211230/hamlai-palangi-barfi-makoni-gusfandon-badakhshon-1044530425.html
Ҳамлаи паланги барфӣ ба макони гӯсфандон дар Бадахшон – видео
Ҳамлаи паланги барфӣ ба макони гӯсфандон дар Бадахшон – видео
Бошандагони вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки як паланги барфӣ болои чорвои сокинон ҳамла кардааст 30.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-30T15:50+0500
2021-12-30T15:50+0500
2021-12-30T20:04+0500
бадахшон
афғонистон
паланг
паланги барфӣ
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102997/19/1029971940_0:123:3068:1849_1920x0_80_0_0_c73ff4a62d6de7d521f665894b846536.jpg
Бошандагони вулусволии Зибоки вилояти Бадахшон гузориш додаанд, ки як паланги барфӣ бар макони гусфандон ҳамла кардааст.Ба гуфтаи ин бошандагон, дар натиҷаи ҳамлаи ин паланг чандин сар гӯсфанд талаф шудааст.Дар навор дида мешавад, ки пас аз ҳамла паланги барфӣ бо суръат аз макони ҳамлааш фирор мекунад.Ёдрас менамоем, ки авоили моҳи январ дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокини маҳаллӣ бабри барфӣ хисороти калон расонда буд.Паланги барфӣ ба оғили як сокини ин ноҳия ворид шуда, наздик ба 45 бузу гӯсфандро ба ҳалокат расонида буд.Он замон паланги барфӣ аз ҷониби кормандони бахши муҳити зист, дастгир ва тибқи коидаҳои бехатарӣ, ба минтақаи кӯҳӣ интиқол дода шуд.Тоҷикистон аз ҷумлаи 12 кишвари дорои макони зисти паланги барфӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст ва ин намуди даррандаҳ ба "Китоби сурхи ҷаҳонӣ" ва "Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон" низ ворид шудааст.Намояндагони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ишкошим мегӯянд, ҳудуди 70 дарсади макони зисти паланги барфӣ маҳз дар ВМКБ аст.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102997/19/1029971940_174:0:2905:2048_1920x0_80_0_0_0c967127e045c498c131eb4d61deccc0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
бадахшон, афғонистон, паланг, паланги барфӣ
бадахшон, афғонистон, паланг, паланги барфӣ
Ҳамлаи паланги барфӣ ба макони гӯсфандон дар Бадахшон – видео
15:50 30.12.2021 (Навсозишуда: 20:04 30.12.2021) Бошандагони вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки як паланги барфӣ болои чорвои сокинон ҳамла кардааст
Бошандагони вулусволии Зибоки вилояти Бадахшон гузориш додаанд, ки як паланги барфӣ бар макони гусфандон ҳамла кардааст.
Ба гуфтаи ин бошандагон, дар натиҷаи ҳамлаи ин паланг чандин сар гӯсфанд талаф шудааст.
Дар навор дида мешавад, ки пас аз ҳамла паланги барфӣ бо суръат аз макони ҳамлааш фирор мекунад.
Ёдрас менамоем, ки авоили моҳи январ дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокини маҳаллӣ бабри барфӣ хисороти калон расонда буд.
Паланги барфӣ ба оғили як сокини ин ноҳия ворид шуда, наздик ба 45 бузу гӯсфандро ба ҳалокат расонида буд.
Он замон паланги барфӣ аз ҷониби кормандони бахши муҳити зист, дастгир ва тибқи коидаҳои бехатарӣ, ба минтақаи кӯҳӣ интиқол дода шуд.
Тоҷикистон аз ҷумлаи 12 кишвари дорои макони зисти паланги барфӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст ва ин намуди даррандаҳ ба "Китоби сурхи ҷаҳонӣ" ва "Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон" низ ворид шудааст.
Намояндагони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ишкошим мегӯянд, ҳудуди 70 дарсади макони зисти паланги барфӣ маҳз дар ВМКБ аст.