https://sputnik.tj/20211230/gustarishi-hamkori-kitobkhona-millii-eron-tojikiston-1044528419.html
Баррасии густариши ҳамкориҳои китобхонаҳои миллии Эрону Тоҷикистон
Баррасии густариши ҳамкориҳои китобхонаҳои миллии Эрону Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон дар Тоҷикистон аз Китобхонаи миллии ин кишвар боздид ва дар хусӯси заминаҳои тавсеаи ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Эрон гуфтугӯ ва табодули назар кард
2021-12-30T15:10+0500
2021-12-30T15:10+0500
2021-12-30T19:48+0500
дар тоҷикистон
эрон
китобхонаи миллӣ
ҳамкорӣ
китоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032984836_0:154:2944:1810_1920x0_80_0_0_9c378c80a91d439945c5404e1bbc7e7e.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ахиран Ҷумъахон Файзалӣ, раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо сафири Эрон дар Душанбе Муҳаммадтақии Собирӣ, зимни дидор дар робита ба тавсеаи ҳамкориҳои байни китобхонаҳои миллии ду кишвар гуфтугӯ ва табодули назар карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ, сафири Эрон зимни дидор аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз толорҳои мусаввари таърихӣ , осорхонаи китоб, китобҳои тозанашр ва китоби Эрон боздид кардааст.Ҳамзамон ӯ зимни дидор бо раиси китобхона дар мавриди таърихи муштараки ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, заминаҳои мавҷуд барои тавсеаи муносиботи илмию фарҳангӣ, густариши таомулоту ҳамкориҳои китобхонаҳои миллии Эрону Тоҷикистон гуфтугӯ ва табодули назар кард.Муҳаммадтақии Собирӣ бо ишора ба 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатии Теҳрону Душанбе ёдовар шуд, Эрон нахустин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмияти шинохт ва иқдом ба ифтитоҳи нахустин сафорат дар пойтахти он кард, ки ҳокӣ аз тавваҷуҳи хоси Теҳрон ба рушду густариши равобит бо кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон аст.Сафири Эрон ва мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар робита ба заминаҳои таҳкими муносибот дар арсаҳои фарҳангӣ, имзои тафоҳумномаи ҳамкориҳо байни Китобхонаи миллии Тоҷикистону Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Эрон табодули назар карданд.Дар поёни ин дидор оқои Собирӣ ду ҷилд китоб ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим кард.
https://sputnik.tj/20211224/tojikiston-eron-tasisi-korkhonahoi-mushtaraki-mavodi-ghizoi-1044395415.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032984836_164:0:2781:1963_1920x0_80_0_0_d0b7f394e8f9b8a224b1a0c197131016.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, китобхонаи миллӣ, ҳамкорӣ, боздид, гуфтугӯ
тоҷикистон, эрон, китобхонаи миллӣ, ҳамкорӣ, боздид, гуфтугӯ
Баррасии густариши ҳамкориҳои китобхонаҳои миллии Эрону Тоҷикистон
15:10 30.12.2021 (Навсозишуда: 19:48 30.12.2021) Сафири Эрон дар Тоҷикистон аз Китобхонаи миллии кишвар боздид ва дар хусуси заминаҳои тавсеаи ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Эрон гуфтугӯ ва табодули назар кард
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ахиран Ҷумъахон Файзалӣ, раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо сафири Эрон дар Душанбе Муҳаммадтақии Собирӣ, зимни дидор дар робита ба тавсеаи ҳамкориҳои байни китобхонаҳои миллии ду кишвар гуфтугӯ ва табодули назар карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, сафири Эрон зимни дидор аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз толорҳои мусаввари таърихӣ , осорхонаи китоб, китобҳои тозанашр ва китоби Эрон боздид кардааст.
Ҳамзамон ӯ зимни дидор бо раиси китобхона дар мавриди таърихи муштараки ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, заминаҳои мавҷуд барои тавсеаи муносиботи илмию фарҳангӣ, густариши таомулоту ҳамкориҳои китобхонаҳои миллии Эрону Тоҷикистон гуфтугӯ ва табодули назар кард.
Муҳаммадтақии Собирӣ бо ишора ба 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатии Теҳрону Душанбе ёдовар шуд, Эрон нахустин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмияти шинохт ва иқдом ба ифтитоҳи нахустин сафорат дар пойтахти он кард, ки ҳокӣ аз тавваҷуҳи хоси Теҳрон ба рушду густариши равобит бо кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон аст.
Сафири Эрон ва мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар робита ба заминаҳои таҳкими муносибот дар арсаҳои фарҳангӣ, имзои тафоҳумномаи ҳамкориҳо байни Китобхонаи миллии Тоҷикистону Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Эрон табодули назар карданд.
Дар поёни ин дидор оқои Собирӣ ду ҷилд китоб ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим кард.