Толибҳо нақша доранд, сафир дар Русияро таъйин кунанд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗабиулла Муджахид, Представитель движения "Талибан"
Забиулла Муджахид, Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Обуна шудан
Толибҳо аз нақшаашон барои таъйини сафири худ дар Русия суҳбат намуданду интизориҳояшонро аз Маскав баён карданд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, ноиби вазири фарҳангу иттилооти толибҳо изҳори умедворӣ кардааст, ки Русия ҳукумати ҷадид дар Афғонистонро эътироф мекунад.
Сухангӯи ҳукумати толибҳо дар суҳбат бо РИА "Новости" изҳор доштааст, ки ният доранд, сафири нави Афғонистон дар Русияро таъйин намоянд.
"Мо чунин ният дорем, махсусан дар мавриди сафоратҳои фаъоли Афғонистон. Нақша дорем, сафир дар Маскавро таъйин намоем. Ин як иқдоми дипломатист. Сафорату консулгариҳо барои муносиботи дипломатӣ муҳиманд ва мо дар ин хусус ҳамкорӣ дорем", - изҳор кард Муҷоҳид.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (слева) прибывает на свою первую пресс-конференцию в Информационный центр правительственных СМИ в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Толибон аз Русия кумаки бештар мехоҳанд
Ӯ илова намудааст, ки феълан Русия шартҳо барои эътирофи ҳукумати толибҳоро ном набурдааст. Муҷоҳид бар ин аст, ки Маскав ҳукумати ҷадиди Афғонистонро "барвақт бояд эътироф мекард".
Вай дар зимн таъкид намудааст, ки ҳанӯз вақти мусоид барои оғози раванди эътирофи ҳукумати толибҳост.
Ба гуфтаи Муҷоҳид, эътирофи ҳукумати толибҳо барои рушди муносиботу эътимод, аз ҷумла бо ИМА мусоидат хоҳад кард.
Толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли равон ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд.
Лентаи хабарҳо
0