https://sputnik.tj/20211229/rusiya-suzishvori-boj-tojikiston-1044510394.html
Русия ҳаҷми маводи сӯхтро, ки бебоҷ ба Тоҷикистон медиҳад, муқаррар намуд
Русия ҳаҷми маводи сӯхтро, ки бебоҷ ба Тоҷикистон медиҳад, муқаррар намуд
Sputnik Тоҷикистон
Русия ҳамоно таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ барои Тоҷикистон боқӣ мемонад
2021-12-29T20:05+0500
2021-12-29T20:05+0500
2021-12-30T12:57+0500
энергетика
боҷ
нафт
сӯзишворӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102741/18/1027411884_0:966:2048:2118_1920x0_80_0_0_31ab0dd23e2b02e9b81fb4041616fa2a.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Русия дар соли 2022 ба Тоҷикистон 260 ҳазор тонна бензин интиқол медиҳад. Дар ин бора "Интерфакс" бо такя ба Вазорати энергетикаи Русия хабар дод. Ба иттилои манбаъ, инчунин 10 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 40 ҳазор тонна сӯзишвории муҳаррикҳои реактивӣ, 40 ҳазор битум, 100 ҳазор тонна кокси нафтӣ, 30 ҳазор тонна мазут ва 50 ҳазор тонна гази моеъ аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Таъкид шудааст, ки дар доираи созишномаи ҳукуматӣ, ин миқдори маводи сӯхт аз Русия бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон мунтақил мегардад. Ба ҳамин васила Қазоқистон аз Русия 5,63 ҳазор тонна бензин, 520 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 300 ҳазор тонна сӯзишвории муҳаррикҳои реактивӣ ва 85 ҳазор тонна дастрас мекунад. Кишвари дигари Осиёи Марказӣ, ки ҳаққи гирифтани сӯзишворӣ бидуни пардохти боҷи гумрукӣ аз Русияро дорад, Қирғизистон мебошад. Ҳаҷми маводи сӯхт барои Қирғизистон 0,05 миллион тонна нафти хом, 650 ҳазор тонна бензин, 550 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 100 ҳазор тонна сӯзишвории муҳаррикҳои реактивӣ ва 60 ҳазор тонна битум муқаррар гардидааст. Маврид ба зикр аст, ки тайи 11 моҳи соли равон Тоҷикистон ҳамагӣ 22,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ тавлид кардааст, ки дар муқоиса бо талаботу ҳаҷми воридоти сӯзишворӣ хеле ночиз мебошад. Аз моҳи январ то ноябри 2021 ба Тоҷикистон беш аз 553,9 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 360 миллион доллар ворид гардидааст, ки асосан аз Русия дастрас шудааст.
https://sputnik.tj/20211229/segona-mol-asosi-voridoti-tojikiston-1044499270.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102741/18/1027411884_0:774:2048:2310_1920x0_80_0_0_2991466090606b629ac3360a5a6c94ed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, сӯзишворӣ, нафт, содирот, тоҷикистон
русия, сӯзишворӣ, нафт, содирот, тоҷикистон
Русия ҳаҷми маводи сӯхтро, ки бебоҷ ба Тоҷикистон медиҳад, муқаррар намуд
20:05 29.12.2021 (Навсозишуда: 12:57 30.12.2021) Русия ҳамоно таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ барои Тоҷикистон боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Русия дар соли 2022 ба Тоҷикистон 260 ҳазор тонна бензин интиқол медиҳад. Дар ин бора "Интерфакс" бо такя ба Вазорати энергетикаи Русия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, инчунин 10 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 40 ҳазор тонна сӯзишвории муҳаррикҳои реактивӣ, 40 ҳазор битум, 100 ҳазор тонна кокси нафтӣ, 30 ҳазор тонна мазут ва 50 ҳазор тонна гази моеъ аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
Таъкид шудааст, ки дар доираи созишномаи ҳукуматӣ, ин миқдори маводи сӯхт аз Русия бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон мунтақил мегардад.
Ба ҳамин васила Қазоқистон аз Русия 5,63 ҳазор тонна бензин, 520 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 300 ҳазор тонна сӯзишвории муҳаррикҳои реактивӣ ва 85 ҳазор тонна дастрас мекунад.
Кишвари дигари Осиёи Марказӣ, ки ҳаққи гирифтани сӯзишворӣ бидуни пардохти боҷи гумрукӣ аз Русияро дорад, Қирғизистон мебошад. Ҳаҷми маводи сӯхт барои Қирғизистон 0,05 миллион тонна нафти хом, 650 ҳазор тонна бензин, 550 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 100 ҳазор тонна сӯзишвории муҳаррикҳои реактивӣ ва 60 ҳазор тонна битум муқаррар гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки тайи 11 моҳи соли равон Тоҷикистон ҳамагӣ 22,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ тавлид кардааст, ки дар муқоиса бо талаботу ҳаҷми воридоти сӯзишворӣ хеле ночиз мебошад.
Аз моҳи январ то ноябри 2021 ба Тоҷикистон беш аз 553,9 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 360 миллион доллар ворид гардидааст, ки асосан аз Русия дастрас шудааст.