Путин тарҳи нави Қонуни шаҳрвандиро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард
13:01 29.12.2021 (Навсозишуда: 14:18 29.12.2021)
© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в работе Восточного экономического форума
© Sputnik / Григорий Сысоев
/ Обуна шудан
Президенти Русия тарҳи қонуни нав бораи гирифтани шаҳрвандиро пешниҳод кард. Он тоифаи афродеро, ки ҳуқуқи дарёфти содаи мақоми шаҳрвандии ин кишварро доранд, муайян кардааст
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин тарҳи Қонун "Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия"-ро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки дар он коҳиши талаботи дарёфти мақоми шаҳрвандӣ барои гурӯҳе аз шаҳрвандони хориҷӣ ироа шудааст.
Тибқи ин санад, президент барои муайян кардани ашхосе, ки ҳаққи гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, ваколатҳои васеътар хоҳад гирифт.
Дар лоиҳаи қонун инчунин равиши консептуалии фаҳмиши моҳияти шаҳрвандии Русия ҳифз шудааст.
"Муқаррароти лоиҳаи Қонуни шаҳрвандии Русия ба шахсоне рабт дорад, ки қодиранд, ба таври органикӣ ба низоми робитаҳои мусбати иҷтимоӣ ҳамроҳ шуда, узви комилҳуқуқи ҷомеаи Русия гарданд", - гуфта мешавад дар лоиҳа.
Тибқи лоиҳаи қонун, шаҳрвандии Русия ба шахсоне дода мешавад, ки забони русиро медонанд, аз таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории он бохабаранд.
Ҳамзамон лоиҳаи қонун шумораи талаботро нисбат ба беш аз 20 гурӯҳи ашхос ҳангоми муроҷиат ба шаҳрвандӣ ва эътирофи онҳо ҳамчун шаҳрванди Русия коҳиш медиҳад.
Ба гурӯҳҳои зерин дар тарҳи қонун авлавият дода шудааст:
ҳамватанон (шаҳрвандони ИҶШС-и собиқ ва фарзандони онҳо, иштирокчиёни барномаи кӯчонидани ихтиёрӣ);
онҳое, ки дар Русия хешовандони наздики рус доранд (бе гузаштани тартиби эътирофи забони модарии забони русӣ);
насли онҳое, ки дар ҳудуди Империяи Русия ё ИҶШС ба таври доимӣ зиндагӣ мекарданд.
Дар тавзеҳоти лоиҳаи қонун зикр мегардад, ки аз оғози қабули Қонуни федералии "Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия" аз 31 майи соли 2002 беш аз 7,3 миллион нафар ба шаҳрвандии Русия пазируфта шудааст.