https://sputnik.tj/20211229/payvastani-nuriddin-davronov-dastai-persita-bobojonov-al-ahli-1044486714.html
Пайвастани Нуриддин Давронов ба дастаи “Персита” ва гузариши Нозим Бобоҷонов ба “Ал-Аҳлӣ”
Пайвастани Нуриддин Давронов ба дастаи “Персита” ва гузариши Нозим Бобоҷонов ба “Ал-Аҳлӣ”
Sputnik Тоҷикистон
Ду футболбози шинохтаи тоҷик Нуриддин Давронов ва Нозим Бобоҷонов барои худ дастаҳои нав пайдо карданд. Ин ду футболбози тоҷик бо дастаҳои футболи “Персита”-и Индонезия “Ал-Аҳлӣ” Баҳрайн шартнома ба имзо расонданд
2021-12-29T11:10+0500
2021-12-29T11:10+0500
2021-12-29T11:53+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
ффт
нуриддин давронов
футбол
даста
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103066/26/1030662677_0:38:1001:601_1920x0_80_0_0_2a37bc11fa98d3e7cc01246da92d0005.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Шартнома миёни футболбози 30-солаи тоҷик ва ин даста то 30 майи соли 2022 ба имзо расидааст, иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ, акнун Нуриддин Давронов ба дастаи футболи “Персита”-и Индонезия пайваст.Нуриддин Давронов қабл аз ин бо дастаи дигари Индонезия “Борнео” шартномаи яксола дошт. Қарордоди футболбози тоҷик бо дастаи футболи “Борнео” чанд рӯз пеш ба охир расид.Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи “Борнео”-и Индонезия пас аз бекор кардани шартнома бо Нуриддин Давронов расман бо футболбози ҷопонӣ Кей шартномаи нав имзо кард. Акнун Кей Нуриддин Давроновро дар ин тим иваз кард.Ҳамзамон, тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, нимҳимоятгари дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд Нозим Бобоҷонов ба дастаи “Ал-аҳлӣ”-и Баҳрайн қарордод имзо кард.Дастаи футболи “Ал-аҳлӣ” дар Премйер Лигаи Баҳрайн баромад мекунад. Дастаи футболи “Ал-аҳлӣ”-и Баҳрайн баъди ҳафт даври рақобатҳо дар зинаи охири ҷадвал бо чаҳор имтиёз мавқеъ гирифтааст.Нозим Бобоҷонов дар ҳайати дастаи футболи ”Хуҷанд”-и шаҳри барандаи медалҳои нуқраи Лигаи олӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2021 гардидааст.
https://sputnik.tj/20211210/sabuki-jalb-bozigaron-murabbiyon-khorij-tojikiston-1044079859.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103066/26/1030662677_0:0:1001:751_1920x0_80_0_0_8d872d059fc7f87bf847b4763826c243.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, футбол, футболбоз, пайвастан, баҳрейн, индонезия, даста
тоҷикистон, футбол, футболбоз, пайвастан, баҳрейн, индонезия, даста
Пайвастани Нуриддин Давронов ба дастаи “Персита” ва гузариши Нозим Бобоҷонов ба “Ал-Аҳлӣ”
11:10 29.12.2021 (Навсозишуда: 11:53 29.12.2021) Ду футболбози шинохтаи тоҷик Нуриддин Давронов ва Нозим Бобоҷонов барои худ дастаҳои нав пайдо карданд. Ин ду бозигари футболи тоҷик бо дастаҳои футболи “Персита”-и Индонезия “Ал-аҳлӣ”-и Баҳрайн шартнома имзо карданд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Шартнома миёни футболбози 30-солаи тоҷик ва ин даста то 30 майи соли 2022 ба имзо расидааст, иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, акнун Нуриддин Давронов ба дастаи футболи “Персита”-и Индонезия пайваст.
Нуриддин Давронов қабл аз ин бо дастаи дигари Индонезия “Борнео” шартномаи яксола дошт. Қарордоди футболбози тоҷик бо дастаи футболи “Борнео” чанд рӯз пеш ба охир расид.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи “Борнео”-и Индонезия пас аз бекор кардани шартнома бо Нуриддин Давронов расман бо футболбози ҷопонӣ Кей шартномаи нав имзо кард. Акнун Кей Нуриддин Давроновро дар ин тим иваз кард.
Ҳамзамон, тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, нимҳимоятгари дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд Нозим Бобоҷонов ба дастаи “Ал-аҳлӣ”-и Баҳрайн қарордод имзо кард.
Дастаи футболи “Ал-аҳлӣ” дар Премйер Лигаи Баҳрайн баромад мекунад. Дастаи футболи “Ал-аҳлӣ”-и Баҳрайн баъди ҳафт даври рақобатҳо дар зинаи охири ҷадвал бо чаҳор имтиёз мавқеъ гирифтааст.
Нозим Бобоҷонов дар ҳайати дастаи футболи ”Хуҷанд”-и шаҳри барандаи медалҳои нуқраи Лигаи олӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2021 гардидааст.