https://sputnik.tj/20211229/maskav-etirofi-hukumati-tolib-video-1044515709.html
Маскав шарти эътирофи ҳукумати толибҳоро гуфт - видео
Маскав шарти эътирофи ҳукумати толибҳоро гуфт - видео
Sputnik Тоҷикистон
Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, тавзеҳ дод, ки барои эътирофи ҳукумати ҷадид дар Афғонистон толибҳо кадом иқдомро бояд амалӣ намоянд
2021-12-29T21:01+0500
2021-12-29T21:01+0500
2021-12-30T13:38+0500
сиёсат
афғонистон
толибон
видео
замир кобулов
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044507758_0:0:2451:1378_1920x0_80_0_0_30ecab4d371e0bbaa34c288d3536e376.jpg
Кобулов мегӯяд, дар мавриди эътирофи ҳукумати ҷадиди толибҳо як фаҳмиши умумие вуҷуд дорад, аммо дар зимн баъзе нозукиҳои мавқеъҳо низ ҷой доранд. Ӯ мегӯяд, Русия ҷонибдори риояи меъёрҳои ҳуқуқи инсон аст, бинобар ин ӯ муҳим хонд, ки духтарону занони афғон ба таҳсил, ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ҷалб шаванд. Русия ҳамчунин тарафдори ҳузури намояндагони тамоми ақвом ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар ҳукумату ҳаёти ҷамъиятии кишвар мебошад, изҳор доштааст Кобулов дар суҳбат бо Sputnik Афғонистон.Толибҳо нақша доранд, сафир дар Русияро таъйин кунандДипломат чор қавми бузурги Афғонистон - тоҷикон, паштунҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳоро зикр намуда, дар зимн муҳим донистааст, ки ҳукумат на танҳо аз нигоҳи қавмӣ, балки аз назари сиёсӣ низ ҳамашумул бошад. "Онҳо бояд нишинанд ва дар ин бора музокира кунанд. Ба воситаи кадом васила, Луи ҷирга ё шакли демократӣ, ин кори онҳост. Он гоҳ сулҳи пойдор миёни миллатҳо дар Афғонистон ба вуҷуд меояд", - таъкид кард Кобулов. Ҳамзамон оқои Кобулов илова кард, ки эътирофи сиёсӣ бештар як амали рамзӣ мебошад. Ӯ ишора кард, ки ба расмият шинохтан амалан дар ҷараён асту ҳузури ҳайати толибҳоро дар мулоқоти Маскав ва тамоси намояндагони ҳукумати нав бо кишварҳои дигарро ҳамчун далел зикр намудааст.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044507758_96:0:1933:1378_1920x0_80_0_0_0b47309cf8689593a1eff6a12580e258.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукумат, толибҳо, афғонистон, русия
ҳукумат, толибҳо, афғонистон, русия
Маскав шарти эътирофи ҳукумати толибҳоро гуфт - видео
21:01 29.12.2021 (Навсозишуда: 13:38 30.12.2021) Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон тавзеҳ дод, ки барои эътирофи ҳукумати ҷадид дар Афғонистон толибҳо кадом иқдомро бояд амалӣ намоянд
Кобулов мегӯяд, дар мавриди эътирофи ҳукумати ҷадиди толибҳо як фаҳмиши умумие вуҷуд дорад, аммо дар зимн баъзе нозукиҳои мавқеъҳо низ ҷой доранд.
Ӯ мегӯяд, Русия ҷонибдори риояи меъёрҳои ҳуқуқи инсон аст, бинобар ин ӯ муҳим хонд, ки духтарону занони афғон ба таҳсил, ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ҷалб шаванд. Русия ҳамчунин тарафдори ҳузури намояндагони тамоми ақвом ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар ҳукумату ҳаёти ҷамъиятии кишвар мебошад, изҳор доштааст Кобулов дар суҳбат бо Sputnik Афғонистон.
Дипломат чор қавми бузурги Афғонистон - тоҷикон, паштунҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳоро зикр намуда, дар зимн муҳим донистааст, ки ҳукумат на танҳо аз нигоҳи қавмӣ, балки аз назари сиёсӣ низ ҳамашумул бошад.
"Онҳо бояд нишинанд ва дар ин бора музокира кунанд. Ба воситаи кадом васила, Луи ҷирга ё шакли демократӣ, ин кори онҳост. Он гоҳ сулҳи пойдор миёни миллатҳо дар Афғонистон ба вуҷуд меояд", - таъкид кард Кобулов.
Ҳамзамон оқои Кобулов илова кард, ки эътирофи сиёсӣ бештар як амали рамзӣ мебошад. Ӯ ишора кард, ки ба расмият шинохтан амалан дар ҷараён асту ҳузури ҳайати толибҳоро дар мулоқоти Маскав ва тамоси намояндагони ҳукумати нав бо кишварҳои дигарро ҳамчун далел зикр намудааст.