https://sputnik.tj/20211229/jabha-muqovimat-afghoniston-rad-1044501274.html
Толибон: "Ҷабҳаи муқовимат дигар нест, мардуми Афғонистон онро рад кард"
Толибон: "Ҷабҳаи муқовимат дигар нест, мардуми Афғонистон онро рад кард"
Sputnik Тоҷикистон
Муҷоҳид, сухангӯи Толибон: ДОИШ ва нерӯҳои муқовимат дар Афғонистон дигар вуҷуд надоранд
2021-12-29T16:45+0500
2021-12-29T16:45+0500
2021-12-29T17:32+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
доиш
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042002397_0:0:3201:1802_1920x0_80_0_0_24108ee83e93d297900d4b1dbb1e1511.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ташкилоти террористии "Давлати исломӣ"* ва нерӯҳои Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ ба далели ҳузур надоштанашон дар ин кишвар наметавонанд ба мақомоти Афғонистон таҳдид кунанд, гуфт Забиуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон дар мусоҳиба бо РИА Новости. Ба гуфти Муҷоҳид, ҷангиёни ДОИШ* ва нерӯҳои Ҷабҳа таҳти сарварии Аҳмад Масъуди хурдӣ "аз ҷониби мардуми Афғонистон, ки сохтори мавҷудаи қудратро дастгирӣ мекунанд, рад карда шуданд".Авоили моҳи август толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар аз хотимаи ҷанг эълом карданд.Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.Ағбар: Толибон барои аъзои “Ал-қоида”* ва ДИИШ* шиносномаи Афғонистон содир мекунандАввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд, ки дар замони ҳукмронии нахустини ин ҷунбиш вазири умури хориҷа буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.* Ташкилоти террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20211229/tolibon-rusiya-kumak-beshtar-1044500082.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042002397_393:0:3122:2047_1920x0_80_0_0_ae099fe4b2d46691d345e6e77d3fb5bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нерӯҳои муқовимат, афғонистон
нерӯҳои муқовимат, афғонистон
Толибон: "Ҷабҳаи муқовимат дигар нест, мардуми Афғонистон онро рад кард"
16:45 29.12.2021 (Навсозишуда: 17:32 29.12.2021) Сухангӯи толибон мегӯяд, он гурӯҳи мардуми Афғонистон, ки дастгири ҳукумати навин ҳастанд, Ҷабҳаи муқовимати миллиро рад кардаанд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ташкилоти террористии "Давлати исломӣ"* ва нерӯҳои Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ ба далели ҳузур надоштанашон дар ин кишвар наметавонанд ба мақомоти Афғонистон таҳдид кунанд, гуфт Забиуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон дар мусоҳиба бо
РИА Новости.
"ДОИШ* ва Ҷабҳаи Муқовимат дар кишвар танҳо дар рӯи коғаз ва дар расонаҳо ҳастанд, аз ҷиҳати ҷисмонӣ дар кишвар нестанд", - гуфт намояндаи ҷунбиш дар посух ба ин суол, ки ин созмонҳо барои толибон чӣ хатар эҷод карда метавонанд.
Ба гуфти Муҷоҳид, ҷангиёни ДОИШ* ва нерӯҳои Ҷабҳа таҳти сарварии Аҳмад Масъуди хурдӣ "аз ҷониби мардуми Афғонистон, ки сохтори мавҷудаи қудратро дастгирӣ мекунанд, рад карда шуданд".
Авоили моҳи август толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар аз хотимаи ҷанг эълом карданд.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд, ки дар замони ҳукмронии нахустини ин ҷунбиш вазири умури хориҷа буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
* Ташкилоти террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия