Гилаи сокинони Суғд аз бебарқӣ: тобистон куштанду ваъда доданд, зимистон таъмин мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевХуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Обуна шудан
Сокинон аз он изҳори нигаронӣ намудаанд, ки дар гармои тобистон ҳам барқи онҳо қатъ мешуд ва масъулин ҳар бор сабабашро ба корҳои профилактикӣ рабт медоданду мегуфтанд, зимистон ба ин мушкилӣ рӯ ба рӯ намешаванд
ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Сокинони рустоҳои Суғд мегӯянд, бо вуҷуди фарорасии сардиҳои фасли зимистон ҳамоно мушкили қатъшавии барқ ба манзилҳо рафъ нашудааст. Мушкили қатъи барқ ҳатто дар деҳоти атрофи Хуҷанд низ ҷой дорад.
Мазбутҷон Набиев, як сокини деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, бо сард шудани ҳарорати ҳаво як ҳафта ба ин тараф маҳдудияти барқрасонӣ дар деҳоти онҳо дубора шуруъ шудааст.

"Шаш рӯз мешавад, ки шабона, аз соати 23:00, гоҳе 22:30 то соати 05:00 ва ё баъзан то соати 06:00 барқ қатъ мешавад, - гуфт Набиев.

Ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ба далели фаъол набудани системаи гармидиҳии ягона ва ё набудани гази табиӣ сокинони деҳоти атрофи Хуҷанд дар фасли зимистон хонаҳояшонро тавассути асосбҳои барқӣ гарм мекунанд, вале қатъи барқрасонӣ барои онҳо мушкилиҳо ба вуҷуд меорад.
Сокинони дигар навоҳии Суғд ҳам дар бораи маҳдудияти барқрасонӣ дар фасли сармо хабар медиҳанд.
Мурод Каримов, як сокини ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич мегӯяд, ҳамоно ҷирабандии номушаххаси барқ идома дошта, гоҳе шабона ва ҳам гоҳе рӯзона барқи манозили онҳо қатъ мешавад.
Суоли сокинони Суғд: Барф бориду сардиҳо расид, аммо барқ кай мерасад?
"Дар фасли тобистон масъулон барқро хомӯш намуда мегуфтанд, ки ин аз ҳисоби корҳои профилактикӣ буда, ба хотири дар фасли зимистон бо барқи доимӣ таъмин намудани сокинон аст. Фасли зимистон шуруъ шуд, аммо боз ҳам барқро қатъ мекунанд”, - иброз набуд сокини Деваштич.
Ҳусен Юлдошев, ҷонишини мудири филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан, ки тақсимоти барқ дар аксари шаҳру навоҳии Суғд зери назорати ин идора мебошад, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби қатъи барқро шарҳ дод. Ин масъули идораи барқрасонӣ гуфт, ин вазъ ба сатҳи захираи об дар обанбори “Норак” вобаста аст.
"Ин ба нигоҳ доштани сатҳи маҷрои оби обанбор алоқаманд аст. Агар боришоти дуруст нашавад, захираи об дар обанбор кам хоҳад шуд, ки дар ин сурат интиқоли барқ боз ҳам душвор мешавад”, -гуфт Юлдошев.
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Қарордод имзо шуд: Тоҷикистон як соли дигар ба Афғонистон барқ мефурӯшад
Ҷонишини мудири бахши ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан мегӯяд, ҳаҷми истифодаи шабонарӯзии барқ дар шаҳру навоҳии Суғд ҳоло ба 17 миллион кВт соат баробар аст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли қабл то 150 ҳазор кВт соат зиёд мебошад.
Қатъи интиқоли барқ дар Тоҷикистон аз нимаҳои моҳи сентябр шуруъ шуда буд. Он замон масъулони идораҳои тақсимоти барқ мегуфтанд, ки ин вазъ аз ҷараёни корҳои профилактикӣ вобаста буда, барои дар фасли сармо бо барқи доимӣ таъмин намудани аҳолӣ роҳандозӣ гардидааст. Ҳоло сокинон мегӯянд, фасли зимистон ҳам фаро расид, аммо мушкили қатъи барқ дубора ба вуҷуд омадааст.
Лентаи хабарҳо
0