https://sputnik.tj/20211229/du-id-nav-taqvim-tojikiston-1044494188.html
Падоиши ду иди нав дар тақвими Тоҷикистон
Падоиши ду иди нав дар тақвими Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлисил намояндагони Тоҷикистон бо қабули тағйирот дар қонунгузории кишвар ду иди навро қабул намуд
2021-12-29T14:15+0500
2021-12-29T14:15+0500
2021-12-29T18:58+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
парлумон
адлия
зиндон
тағйирот
ид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103065/31/1030653124_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_9b08f53b2389893110842a786fb0a69f.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон 20 апрелро дар кишвар ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва 26 июлро Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тасвиб кард. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ин тағйирот ба Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" ворид шуданд.Таъкид шудааст, ки тағйироти мазкур аз ҷониби ҳукумати кишвар пешниҳод гардиданд ва вакилони мардумӣ онҳоро пазируфтанд. Солҳои охир дар Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба Қонун дар бораи рӯзҳои ид намояндагони тақрибан ҳамаи бахшҳо соҳиби иди касбии худ шуда, бархе аз ҷашнҳои аҷдодӣ низ, аз қабили Меҳргону Сада эҳё гардидаанд. Дар баробари идҳо, ки бидуни истироҳат таҷлил мегарданд, тоҷикистониён дар рӯзҳои таҷлил аз Соли Нави мелодӣ, Наврӯз, Иди модарон, Рӯзи ғалаба, Ваҳдати миллӣ, Истиқлол, Рӯзи Конститутсия ва идҳои Рамазону Қурбон истироҳат мекунанд.
https://sputnik.tj/20211201/taqvimi-musalmoni-baroi-soli-2022-1043871554.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103065/31/1030653124_116:0:2783:2000_1920x0_80_0_0_2a5adad74efe572b62da4118d1703008.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ид, қонун, нав, тағйирот
тоҷикистон, ид, қонун, нав, тағйирот
Падоиши ду иди нав дар тақвими Тоҷикистон
14:15 29.12.2021 (Навсозишуда: 18:58 29.12.2021) Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули тағйирот дар қонунгузории кишвар ду иди навро қабул намуд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон 20 апрелро дар кишвар ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва 26 июлро Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тасвиб кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ин тағйирот ба Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" ворид шуданд.
Таъкид шудааст, ки тағйироти мазкур аз ҷониби ҳукумати кишвар пешниҳод гардиданд ва вакилони мардумӣ онҳоро пазируфтанд.
Солҳои охир дар Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба Қонун дар бораи рӯзҳои ид намояндагони тақрибан ҳамаи бахшҳо соҳиби иди касбии худ шуда, бархе аз ҷашнҳои аҷдодӣ низ, аз қабили Меҳргону Сада эҳё гардидаанд.
Дар баробари идҳо, ки бидуни истироҳат таҷлил мегарданд, тоҷикистониён дар рӯзҳои таҷлил аз Соли Нави мелодӣ, Наврӯз, Иди модарон, Рӯзи ғалаба, Ваҳдати миллӣ, Истиқлол, Рӯзи Конститутсия ва идҳои Рамазону Қурбон истироҳат мекунанд.