https://sputnik.tj/20211228/stanakzay-du-abarqudrat-vujud-dorad-amriko-tolibon-1044462278.html
Станакзай: Дар дунё ду абарқудрат вуҷуд дорад - аввал Амрико, дувум толибон
Станакзай: Дар дунё ду абарқудрат вуҷуд дорад - аввал Амрико, дувум толибон
Sputnik Тоҷикистон
Муовини сиёсии вазорати умури хориҷаи ҳукумати сарпарасти толибон, дар нишасте дар вилояти Лугар гуфтааст, ки ба генералҳои амрикоӣ тавсия карданд, ки дар сатҳи дунё ду абарқудрат вуҷуд дорад: Аввал Амрико ва дувум толибон
2021-12-28T14:40+0500
2021-12-28T14:40+0500
2021-12-28T19:45+0500
амрико
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
абарқудрат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044462177_0:49:1080:657_1920x0_80_0_0_0b0e81b98cb9b880aed1bfdbda893bbb.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Шермуҳаммад Аббос Станакзай, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷии ҳукумати сарпарасти толибон, ки ахиран ба муносибати вуруди нерӯҳои шӯравӣ ба Афғонистон дар Лугар суханронӣ кард, гуфтааст, шикастро на танҳо англису шӯравӣ дар Афғонистон таҷриба карданд, балки Амрико ҳамроҳ бо 52 кишвар низ аз Афғонистон шикаст хурданд.Вай афзуд, Афғонистон дар ҳоли ҳозир бо мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯст ва ҳама мардум бояд барои ҳалли ин чолишҳо муттаҳид шаванд.Вай афзуд, нерӯҳои хориҷӣ дигар набояд ба Афғонистон баргарданд.Дар ҳамин ҳол Анас Ҳаққонӣ, узви тими музокиракунандаи толибон дар Қатар гуфт: "Ҳеҷ низоми золими зургӯ боқӣ намонд".Вай аз масъулини толибон хостааст, ки ҷилави зулму зургӯиро бигиранд ва ба кормандони низоми қаблӣ низ ба чашм ҳақорат нанигаранд.Ҳаққонӣ таъкид кард, дар канори кормандони низоми қаблӣ онон саъй мекунанд, ки хусуматҳои гузаштаро аз байн баранд ва болои шахсиятҳои илмии кишвар бештар тамаркуз намоянд.Ин мақомдори толибон тасреҳ кард, ки тамаркузи онон болои афроди корфаҳм ва шоиста аст.
https://sputnik.tj/20211227/qarordod-nav-tojikiston-afghoniston-furush-barq-1044440278.html
амрико
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044462177_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_0ba34e0ea5c56295b8c554a438b36a63.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, абарқудрат, толибон, амрико, осиёи
афғонистон, абарқудрат, толибон, амрико, осиёи
Станакзай: Дар дунё ду абарқудрат вуҷуд дорад - аввал Амрико, дувум толибон
14:40 28.12.2021 (Навсозишуда: 19:45 28.12.2021) Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷии ҳукумати толибон дар нишасте дар вилояти Лугар гуфтааст, ба генералҳои амрикоӣ тавсия карданд, ки дар сатҳи дунё ду абарқудрат вуҷуд дорад: аввал Амрико ва дувум толибон
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Шермуҳаммад Аббос Станакзай, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷии ҳукумати сарпарасти толибон, ки ахиран ба муносибати вуруди нерӯҳои шӯравӣ ба Афғонистон дар Лугар суханронӣ кард, гуфтааст, шикастро на танҳо англису шӯравӣ дар Афғонистон таҷриба карданд, балки Амрико ҳамроҳ бо 52 кишвар низ аз Афғонистон шикаст хурданд.
Вай афзуд, Афғонистон дар ҳоли ҳозир бо мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯст ва ҳама мардум бояд барои ҳалли ин чолишҳо муттаҳид шаванд.
Вай афзуд, нерӯҳои хориҷӣ дигар набояд ба Афғонистон баргарданд.
"Амрикоиҳо дар соли 2001 ба мардуми афғон бо ғурур, зулм ва бераҳмӣ ҳамла кард, 52 кишвари дигар ҳам дар ин ҷанг саҳм гирифт, аз пешрафтатарин силоҳҳо ва таҷҳизоти низомӣ истифода карданд, аммо натиҷаашро надиданд", - гуфт Станакзай.
Дар ҳамин ҳол Анас Ҳаққонӣ, узви тими музокиракунандаи толибон дар Қатар гуфт: "Ҳеҷ низоми золими зургӯ боқӣ намонд".
Вай аз масъулини толибон хостааст, ки ҷилави зулму зургӯиро бигиранд ва ба кормандони низоми қаблӣ низ ба чашм ҳақорат нанигаранд.
Ҳаққонӣ таъкид кард, дар канори кормандони низоми қаблӣ онон саъй мекунанд, ки хусуматҳои гузаштаро аз байн баранд ва болои шахсиятҳои илмии кишвар бештар тамаркуз намоянд.
Ин мақомдори толибон тасреҳ кард, ки тамаркузи онон болои афроди корфаҳм ва шоиста аст.