https://sputnik.tj/20211228/putin-sputnik-omikron-samaranok-1044477625.html
Путин гуфт, "Спутник V" алайҳи омикрон низ самар медиҳад
Путин гуфт, "Спутник V" алайҳи омикрон низ самар медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, самаранокии ваксинаи Спутник V алайҳи штами нави коронавирус - омикрон таъкид намуд
2021-12-28T18:30+0500
2021-12-28T18:30+0500
2021-12-28T20:52+0500
тандурустӣ
владимир путин
раисҷумҳур
дар русия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1b/1044446909_0:0:1025:577_1920x0_80_0_0_e81c7ad0ec59f6f22addccc934c7284c.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Русия мегӯяд, бо роҳбарияти Маркази миллии таҳқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалея дар мавриди муассирии ваксинаи "Спутник V" суҳбат дошт. Владимир Путин дар мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург гуфт, сатҳи ҳимояи ваксинаи "Спутник V" аз штамми нави коронавирус баланд мебошад. Раисҷумҳури Русия тавзеҳ дод, ки омӯзиш дар пажуҳишгоҳ таъсири хуби он алайҳи омикронро нишон додааст ва аллакай ба омӯзиши клиникӣ оғоз намудаанд, то мушахассан дараҷаи ҳимоя дақиқ гардад. Анна Попова, сардухтури санитарии Русия, роҳбари "Роспотребнадзор" дар мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург дар бораи вазъи эпидемиологӣ гузориш дод, ки изҳороти Путинро тасдиқ намуд. Ба гуфтаи Попова, таҳқиқоти маркази "Вектор" низ тақвияти иммунитет аз ваксина алайҳи омикронро нишон додааст. Ӯ афзуд, ки сатҳи ҳимоя хеле баланд мебошад. Раисҷумҳури Русия самаранокии ваксинаи "Спутник V"-ро ҳудуди 90 дарсад гуфта, таъкид намуд, ки дар кишвар иммунитети оммавӣ бояд ба зиёда аз 90 фоиз расонда шавад. Феълан сатҳи иммунитети оммавӣ ба шумули афроде, ки бемориро паси сар кардаанду онҳое, ки ваксина гирифтаанд, дар Русия ба 56 дарсад мерасад.
https://sputnik.tj/20211228/popova-koronavirus-tojikiston-kumak-1044472011.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1b/1044446909_34:0:989:716_1920x0_80_0_0_8fbc76986d9039b596b5ca94e66944fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, раисҷумҳури русия, омикрон, васкина, спутник
владимир путин, раисҷумҳури русия, омикрон, васкина, спутник
Путин гуфт, "Спутник V" алайҳи омикрон низ самар медиҳад
18:30 28.12.2021 (Навсозишуда: 20:52 28.12.2021) Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бар самари ваксинаи "Спутник V" алайҳи штамми нави коронавирус омикрон таъкид намуд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Русия мегӯяд, бо роҳбарияти Маркази миллии таҳқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалея дар мавриди муассирии ваксинаи "Спутник V" суҳбат дошт.
Владимир Путин дар мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург гуфт, сатҳи ҳимояи ваксинаи "Спутник V" аз штамми нави коронавирус баланд мебошад.
"Бо роҳбари пажуҳишгоҳи ба номи Гамалея суҳбат доштам, онҳо таҳқиқот гузарондаанд, "Спутник V" дақиқан навъи нав - омикронро нобуд мекунад. Гуфтанд, танҳо клиника метавонад посухи ниҳоӣ диҳад, ки дараҷаи муассирӣ то кадом сатҳ аст", - изҳор дошт Путин.
Раисҷумҳури Русия тавзеҳ дод, ки омӯзиш дар пажуҳишгоҳ таъсири хуби он алайҳи омикронро нишон додааст ва аллакай ба омӯзиши клиникӣ оғоз намудаанд, то мушахассан дараҷаи ҳимоя дақиқ гардад.
Анна Попова, сардухтури санитарии Русия, роҳбари "Роспотребнадзор" дар мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург дар бораи вазъи эпидемиологӣ гузориш дод, ки изҳороти Путинро тасдиқ намуд.
Ба гуфтаи Попова, таҳқиқоти маркази "Вектор" низ тақвияти иммунитет аз ваксина алайҳи омикронро нишон додааст. Ӯ афзуд, ки сатҳи ҳимоя хеле баланд мебошад.
Раисҷумҳури Русия самаранокии ваксинаи "Спутник V"-ро ҳудуди 90 дарсад гуфта, таъкид намуд, ки дар кишвар иммунитети оммавӣ бояд ба зиёда аз 90 фоиз расонда шавад. Феълан сатҳи иммунитети оммавӣ ба шумули афроде, ки бемориро паси сар кардаанду онҳое, ки ваксина гирифтаанд, дар Русия ба 56 дарсад мерасад.