https://sputnik.tj/20211228/popova-prezident-omikron-koronavirus-1044478216.html
Попова ба президентҳои ИДМ аз хусусиятҳои омикрон ва оянда гуфт
Попова ба президентҳои ИДМ аз хусусиятҳои омикрон ва оянда гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони кишварҳои узви ИДМ, ки ба мулоқоти ғайрирасмӣ ба шаҳри Санкт - Петербург омадаанд, аз Анна Попова, сардухтури санитарии Русия, назарашро дар мавриди вазъи оянда пурсиданд
2021-12-28T18:45+0500
2021-12-28T18:45+0500
2021-12-28T18:45+0500
тандурустӣ
вазнин
ҳолат
дар русия
роспотребнадзор
анна попова
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032159882_0:69:3105:1816_1920x0_80_0_0_abc0d2695ac943c54df5a42949585dd9.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Анна Попова, роҳбари "Роспотребнадзор", дар мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург дар бораи вазъи эпидемиологӣ гузориш дода, масоили марбути омикрон, штами нави онро тавзеҳ дод.Қосим - Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон ва Александр Лукашенко, президенти Белорус, назари Попова дар бораи интизориҳо аз оянда суол карданд. Роҳбари "Роспотребнадзор" гуфт, ҷавоби якмаромро, ки фардо чӣ хоҳад шуд, касе надорад, аммо бояд омода шуд, то ҳарчи бештар аз сирояти одамон ҷилавгирӣ гардад. Вай афзуд, вирусро тайи соли 2020 пайгирӣ намуданд, аммо тағйироте сабт нашуда буд, танҳо соли 2021 тағйирот пайдо гардиданду штамҳои нав - делта ва омикрон пайдо гардиданд. Ба гуфтаи Попова, табиист, ки вирусҳо бояд иваз шаванд, ин хусусияташон аст. Ӯ афзуд, ки эҳтимоли пайдо шудани штамҳои нав низ вуҷуд дорад. Дар мавриди омикрон таъкид гардид, ки нисбатан зуд паҳн мешаваду ҳолатҳои вазнин танҳо дар бархе аз афроде дида мешаванд, ки ваксина нагирифтаанд ё бемориҳои дигар, аз қабили қанд ва ё саратонро доранд. Роҳбари "Роспотребнадзор" афзуд, ки азбаски омикрон нисбатан зудтар паҳн мешавад, эҳтимолияти гирифторшавии онҳое, ки касалиҳои дигар дигар доранду осебпазиранд, афзоиш меёбад. Попова таъкид намуд, ки вазъиятро пайгирӣ доранду таҳқиқот бурда истодаанд ва омодаи табодули тамоми имкониятҳою таҷриба бо ҳамкорон аз кишварҳои дигари ИДМ мебошад.
https://sputnik.tj/20211227/virusshinos-omikron-benishona-margovar-1044430299.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032159882_198:0:2929:2048_1920x0_80_0_0_484c72167d7df52ce5c0ce39f2f41669.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
попова, омикрон, идм, мулоқот, санкт-петербург
попова, омикрон, идм, мулоқот, санкт-петербург
Попова ба президентҳои ИДМ аз хусусиятҳои омикрон ва оянда гуфт
Роҳбарони кишварҳои узви ИДМ, ки ба мулоқоти ғайрирасмӣ ба шаҳри Санкт - Петербург омадаанд, аз Анна Попова, сардухтури санитарии Русия, назарашро дар мавриди вазъи оянда пурсиданд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Анна Попова, роҳбари "Роспотребнадзор", дар мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург дар бораи вазъи эпидемиологӣ гузориш дода, масоили марбути омикрон, штами нави онро тавзеҳ дод.
Қосим - Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон ва Александр Лукашенко, президенти Белорус, назари Попова дар бораи интизориҳо аз оянда суол карданд.
Роҳбари "Роспотребнадзор" гуфт, ҷавоби якмаромро, ки фардо чӣ хоҳад шуд, касе надорад, аммо бояд омода шуд, то ҳарчи бештар аз сирояти одамон ҷилавгирӣ гардад.
Вай афзуд, вирусро тайи соли 2020 пайгирӣ намуданд, аммо тағйироте сабт нашуда буд, танҳо соли 2021 тағйирот пайдо гардиданду штамҳои нав - делта ва омикрон пайдо гардиданд.
Ба гуфтаи Попова, табиист, ки вирусҳо бояд иваз шаванд, ин хусусияташон аст. Ӯ афзуд, ки эҳтимоли пайдо шудани штамҳои нав низ вуҷуд дорад.
Дар мавриди омикрон таъкид гардид, ки нисбатан зуд паҳн мешаваду ҳолатҳои вазнин танҳо дар бархе аз афроде дида мешаванд, ки ваксина нагирифтаанд ё бемориҳои дигар, аз қабили қанд ва ё саратонро доранд.
Роҳбари "Роспотребнадзор" афзуд, ки азбаски омикрон нисбатан зудтар паҳн мешавад, эҳтимолияти гирифторшавии онҳое, ки касалиҳои дигар дигар доранду осебпазиранд, афзоиш меёбад.
Попова таъкид намуд, ки вазъиятро пайгирӣ доранду таҳқиқот бурда истодаанд ва омодаи табодули тамоми имкониятҳою таҷриба бо ҳамкорон аз кишварҳои дигари ИДМ мебошад.