https://sputnik.tj/20211228/mishustin-tabibon-koronavirus-sarukor-pul-1044483366.html
Мишустин гуфт, барои табибоне, ки бо коронавирус сарукор доранд, чанд пул ҷудо мешавад
Мишустин гуфт, барои табибоне, ки бо коронавирус сарукор доранд, чанд пул ҷудо мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми маблағе, ки дар нимаи аввали соли оянда барои пардохти иловапулӣ ба табибон ҷудо мешавад, муайян гардид 28.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-28T20:20+0500
2021-12-28T20:20+0500
2021-12-29T13:21+0500
иҷтимоъ
тандурустӣ
сарвазир
маблағ
дар русия
коронавирус
михаил мишустин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1041006322_0:402:2927:2048_1920x0_80_0_0_99b23d0889d9e9b7338ae2423752579e.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҳукумати Русия нимсолаи аввали соли оянда беш аз 128,5 миллиард рублро барои табибоне ҷудо мекунад, ки бо коронавирус мубориза мебаранд. Дар ин бора Михаил Мишустин, сарвазири Русия зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангии мубориза бо коронавирус хабар дод. "Барои кор дар рӯзҳои таътили солинавӣ бо қарори президент кормандони тиббӣ ва иҷтимоӣ ду баробар зиёд пул мегиранд", - хабар дод РИА "Новости" аз қавли сарвазири Русия. Ба гуфтаи Мишустин, маблағҳоро табибону кормандони сатҳи миёнаю хурду тиб, ронандаҳои мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва инчунин кормандони корхонаҳои иҷтимоии статсионарӣ дастрас хоҳанд кард. Ахиран сарвазир изҳор дошта буд, ба кумаки гирифторони коронавирус дар Русия ҳудуди 300 ҳазор табиб машғул буда, мақомот талош доранд, ки онҳоро дастгирӣ намоянд. Тайи се моҳи охир ҳукумат барои пардохтҳои иҷтимоӣ ба кормандони тиб беш аз 50 миллиард рублро ихтисос дод. Қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин дастур дода буд, ки пардохти иловапулиҳо ба кормандони бахши тиббию иҷтимоӣ барои кор бо гирифторони коронавирус идома ёбад.
https://sputnik.tj/20211227/dusturi-putin-idoma-pardokhti-ilovapuli-tabibon-1044431586.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1041006322_130:0:2861:2048_1920x0_80_0_0_6673beb7747af146b76f51cb6ab84d0c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷтимоъ, тандурустӣ, сарвазир, маблағ, дар русия, коронавирус, михаил мишустин
иҷтимоъ, тандурустӣ, сарвазир, маблағ, дар русия, коронавирус, михаил мишустин
Мишустин гуфт, барои табибоне, ки бо коронавирус сарукор доранд, чанд пул ҷудо мешавад
20:20 28.12.2021 (Навсозишуда: 13:21 29.12.2021) Ҳаҷми маблағе, ки дар нимаи аввали соли оянда барои пардохти иловапулӣ ба табибон ҷудо мешавад, муайян гардид
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҳукумати Русия нимсолаи аввали соли оянда беш аз 128,5 миллиард рублро барои табибоне ҷудо мекунад, ки бо коронавирус мубориза мебаранд.
Дар ин бора Михаил Мишустин, сарвазири Русия зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангии мубориза бо коронавирус хабар дод.
"Барои кор дар рӯзҳои таътили солинавӣ бо қарори президент кормандони тиббӣ ва иҷтимоӣ ду баробар зиёд пул мегиранд", - хабар дод РИА "Новости" аз қавли сарвазири Русия.
Ба гуфтаи Мишустин, маблағҳоро табибону кормандони сатҳи миёнаю хурду тиб, ронандаҳои мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва инчунин кормандони корхонаҳои иҷтимоии статсионарӣ дастрас хоҳанд кард.
Ахиран сарвазир изҳор дошта буд, ба кумаки гирифторони коронавирус дар Русия ҳудуди 300 ҳазор табиб машғул буда, мақомот талош доранд, ки онҳоро дастгирӣ намоянд. Тайи се моҳи охир ҳукумат барои пардохтҳои иҷтимоӣ ба кормандони тиб беш аз 50 миллиард рублро ихтисос дод.
Қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин дастур дода буд, ки пардохти иловапулиҳо ба кормандони бахши тиббию иҷтимоӣ барои кор бо гирифторони коронавирус идома ёбад.