Мақомоти Хатлон шумори занону мардони муҳоҷири ин вилоятро расонаӣ карданд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкСтроительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге
Строительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Обуна шудан
Аз вилояти Хатлон дар соли 2021 наздик ба 20 ҳазор зан ба муҳоҷирати корӣ рафтааст
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии мақомоти вилояти Хатлон, дар 11 моҳи соли равон аз ин вилоят 169,3 ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷ аз кишвар рафтааст.
Ба иттилои манбаъ, бахусус аз ин минтақаи Тоҷикистон 149,4 ҳазор мард ва 19,9 ҳазор нафар зан бо мақсади муҳоҷирати кор ба хориҷ сафар кардаанд.
Манбаъ қайд кардааст, ки то 1 декабри соли равон теъдоди муҳоҷирони корӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 113,9 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Президент РФ В. Путин принял участие в работе XXX съезда РСПП - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Путин ба муҳоҷирон роҳи роҳат будан дар Русияро нишон дод
Манбаъ илова кардааст, ки мувофиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон”, дар даври ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватанбаргашта 338 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд.

“Дар ин ярмаркаҳо 3181 корхонаю ташкилот иштирок намуда, 3916 нафар корҷӯ бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гашта, 2043 нафар ба касбомӯзӣ ва 288 нафар ба корҳои ҷамъиятии дорои музд сафарбар шуданд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, Тоҷикистон аз рӯи шумораи муҳоҷирони корие, ки соли 2021 ба Русия омадаанд, дар ҷои дувум қарор гирифт.
Аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ ҳудуди як миллиону 600 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти кор ба Русия омадааст.
Лентаи хабарҳо
0