https://sputnik.tj/20211228/makoni-huzuri-soleh-ifsho-shud-tojikiston-1044484281.html
Макони ҳузури Солеҳ ифшо шуд: ӯ дар Тоҷикистон аст?
Макони ҳузури Солеҳ ифшо шуд: ӯ дар Тоҷикистон аст?
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон хабари боздиди ин чеҳраи сиёсии ҳукумати пешини Афғонистон ба Душанберо тасдиқ кард
2021-12-28T21:00+0500
2021-12-28T21:00+0500
2021-12-28T21:20+0500
дар тоҷикистон
душанбе
афғонистон
сафир
амруллоҳ солеҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040773670_0:0:2000:1125_1920x0_80_0_0_54dff71efa2f8452263fd319f22b5c9e.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи раисҷумҳури Афғонистон дар Панҷшер қарор дорад.Дар ин бора Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории “РИА Новости” иттилоъ дод.Вай таъкид кард, ки сарбозони Ҷабҳаи муқовимат барои мубориза бо толибон ба қадри кофӣ таҷҳизоти низомӣ ва аслиҳа доранд.Сафир дар мусоҳиба бо РИА "Новости” изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистон ҳамчун як ҳамсояи наздик ва хуб Афғонистонро "аз лиҳози сиёсӣ дар заминаи риояи демократия, истиқрори сулҳу оромӣ, баргузории интихоботи мардумӣ ва ташкили ҳукумати ҳамашумул" дастгирӣ хоҳад кард.Ба гуфтаи Ағбар, Солеҳ дар Душанбе буд, аммо маълум нест, ки ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кардааст ё на.Дипломати афғонистонӣ ҳамчунин ба раисҷумҳури Тоҷикистон барои "таваҷҷуҳи хоса ба Афғонистон ва дастгирии мардуми ин кишвар" изҳори сипос кард.Расонаҳо дар моҳи сентябри соли равон дар бораи ҳузури муовини собиқи раисҷумҳури Афғонистон дар Тоҷикистон хабар дода буданд.
https://sputnik.tj/20211031/soleh-tolibon-boyad-gum-shavad-1043191017.html
душанбе
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040773670_264:0:1831:1175_1920x0_80_0_0_3d7b5e875f0cbcabc617e50d0f17aabb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, солеҳ, афғонистон, душанбе, ҳузур, макон
тоҷикистон, солеҳ, афғонистон, душанбе, ҳузур, макон
Макони ҳузури Солеҳ ифшо шуд: ӯ дар Тоҷикистон аст?
21:00 28.12.2021 (Навсозишуда: 21:20 28.12.2021) Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон хабари боздиди ин чеҳраи сиёсии ҳукумати пешини Афғонистон аз Душанберо тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи раисҷумҳури Афғонистон дар Панҷшер қарор дорад.
Дар ин бора Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории “РИА Новости” иттилоъ дод.
“Амрулло Солеҳ ҳоло дар дараи Панҷшер аст. Ман бо Аҳмад Масъуд ва дигар аъзои муқовимат, ки дар бораи авзоъ дар вилоят хабар медиҳанд, дар тамоси доимии телефонӣ ҳастам", - гуфт Ағбар.
Вай таъкид кард, ки сарбозони Ҷабҳаи муқовимат барои мубориза бо толибон ба қадри кофӣ таҷҳизоти низомӣ ва аслиҳа доранд.
Сафир дар мусоҳиба бо РИА "Новости” изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистон ҳамчун як ҳамсояи наздик ва хуб Афғонистонро "аз лиҳози сиёсӣ дар заминаи риояи демократия, истиқрори сулҳу оромӣ, баргузории интихоботи мардумӣ ва ташкили ҳукумати ҳамашумул" дастгирӣ хоҳад кард.
Ба гуфтаи Ағбар, Солеҳ дар Душанбе буд, аммо маълум нест, ки ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кардааст ё на.
Дипломати афғонистонӣ ҳамчунин ба раисҷумҳури Тоҷикистон барои "таваҷҷуҳи хоса ба Афғонистон ва дастгирии мардуми ин кишвар" изҳори сипос кард.
Расонаҳо дар моҳи сентябри соли равон дар бораи ҳузури муовини собиқи раисҷумҳури Афғонистон дар Тоҷикистон хабар дода буданд.