https://sputnik.tj/20211228/chin-marzashro-bo-qirghiziston-mebandad-1044465015.html
Чин марзашро бо Қирғизистон мебандад
Чин марзашро бо Қирғизистон мебандад
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз масдуд шудани марзи ин кишвар бо Чин хабар дод
2021-12-28T15:55+0500
2021-12-28T15:55+0500
2021-12-28T20:18+0500
иҷтимоъ
чин
қирғизистон
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/99/1030629995_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_578e3593d20076c45c1e254298a7de33.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Рафтуомад дар марзи миёни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Чин масдуд мешавад, хабар медиҳад Хадамоти марзбонии Қирғизистон.Ин ниҳод мегӯяд, тасмими мазкур аз ҷониби Чин гирифта шуд ва се рӯзи аввали моҳи январ марз баста мешавад.Ду гузаргоҳи сарҳадӣ дар вилоятҳои Норин ва Ӯш барои интиқоли молу нақлиёт баста мешавад ва рӯзи 4 январ марз боз мегардад. Манбаъ меафзояд, ҳоло танҳо мошинҳо, аз ҷумла мошинҳои боркаш, ки аз Чин ворид мешаванд, иҷозаи убури марзи Қирғизистону Чинро доранд.Маврид ба зикр аст, ки феълан Қирғизистон ҳамлу нақли бору мусофирони самти Тоҷикистонро мамнуъ кардааст. Аз авоили моҳи ҷорӣ ин кишвар қоидаҳои вуруду хуруҷро барои бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон сода кард. Тағйирот ба намояндагони дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо дахл дорад.Илова бар ин ислоҳи нав пешбинӣ мекунад, ки иҷозаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон, донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон таҳсил мекунанд ё нафароне, ки ба ҳайси омӯзгор дар ин кишвар кор мекунанд, тибқи номаи пешакии Вазорати маорифи Қирғизистон ба хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, содир мешавад.
https://sputnik.tj/20211228/tojikistonu-qirghiziston-marzi-taftish-1044454401.html
чин
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/99/1030629995_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_3b1f837157ad2c98d0fb28f1c24df0c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин марз қирғизистон
Чин марзашро бо Қирғизистон мебандад
15:55 28.12.2021 (Навсозишуда: 20:18 28.12.2021) Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз масдуд шудани марзи ин кишвар бо Чин хабар дод
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Рафтуомад дар марзи миёни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Чин масдуд мешавад, хабар медиҳад Хадамоти марзбонии Қирғизистон.
Ин ниҳод мегӯяд, тасмими мазкур аз ҷониби Чин гирифта шуд ва се рӯзи аввали моҳи январ марз баста мешавад.
"Аз 1 то 3 январи соли 2022 рафтуомад дар марзи Қирғизистон ва Чин масдуд мешавад. Ин тасмим бо ташаббуси ҷониби Чин дар робита ба таҷлили Соли Нав гирифта шудаст", - омадааст дар хабари Хадамоти марзбонии ин кишвар.
Ду гузаргоҳи сарҳадӣ дар вилоятҳои Норин ва Ӯш барои интиқоли молу нақлиёт баста мешавад ва рӯзи 4 январ марз боз мегардад.
Манбаъ меафзояд, ҳоло танҳо мошинҳо, аз ҷумла мошинҳои боркаш, ки аз Чин ворид мешаванд, иҷозаи убури марзи Қирғизистону Чинро доранд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан Қирғизистон ҳамлу нақли бору мусофирони самти Тоҷикистонро мамнуъ кардааст. Аз авоили моҳи ҷорӣ ин кишвар қоидаҳои вуруду хуруҷро барои бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон сода кард. Тағйирот ба намояндагони дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо дахл дорад.
Илова бар ин ислоҳи нав пешбинӣ мекунад, ки иҷозаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон, донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон таҳсил мекунанд ё нафароне, ки ба ҳайси омӯзгор дар ин кишвар кор мекунанд, тибқи номаи пешакии Вазорати маорифи Қирғизистон ба хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, содир мешавад.