Баррасии вазъи сармоягузорӣ дар Суғд: 120 ҳазор соҳибкор дар вилоят фаъолият мекунад

© Дафтари матбуоти ҳукумати СуғдРаҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ барои беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ барои беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҷаласаи панҷуми Шӯрои машваратӣ барои беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузориро баргузор намуд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Шароити соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷаласаи Шӯрои машваратии назди раиси Суғд бо иштироки мақомдорони давлатӣ, соҳибкорон, намояндагони ассотсиатсияҳо баррасӣ гардида, ҳадафҳо мушаххас шуданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси Суғд, дар ин ҳамоиш зикр гардид, ки феълан дар вилоят зиёд аз 120 ҳазор соҳибкор фаъолият мекунад. Теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар минтақа 700 адад арзёбӣ шудааст.
Иштирокдорон аз ҳадафҳои рушд то соли 2030 зикр намудаанд, ки аз ҷумлаи онҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар то сатҳи зиндагӣ дар кишварҳои дорои даромади миёна мебошад.
Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Сармоягузорӣ дар бахши кишоварзии Тоҷикистон: вазир гуфт, чанд пул ҷалб шудааст
"Ҳадафҳои асосӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табодули он ба кишвари транзитӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки роҳандозии технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои пешқадам бояд асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва рақобати байналмилалии кишвар гардад.
Ба иттилои дафтари матбуотии раиси Суғд, рақамикунонии иқтисодиёт барои таъсиси модели нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, такони тавлидоти мавҷудаю роҳандозии намудҳои нави истеҳсолот, таҳкими содироту қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ мусоидат мекунад.
Раҷаббой Аҳмадзода бовар дорад, ҳадафҳои гузошташуда амалӣ карда мешаванд ва дар ин замина ба соҳибкорону саноатчиёни фаъоли вилоят дастур додааст.
Лентаи хабарҳо
0