ВУХ Русия мушкилоти асосии Осиёи Марказиро номбар кард

© Flickr \ Freedom HouseДуло автомата
Дуло автомата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Обуна шудан
Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки чӣ тавр Русия ва шариконаш дар Осиёи Марказӣ бо як хатари умумӣ мубориза мебаранд
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Мушкилоти вуруди гурезаҳои афғонистонӣ ва таҳдидҳои террористӣ ба мавзуъҳои аслии муколамаи Русия ва Осиёи Марказӣ табдил шудаанд.
Дар ин бора дар мусоҳиба бо Sputnik муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденко иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, бисёр чиз ба рушди минбаъдаи вазъи Афғонистон ва имкони пешгирии фалокати башардӯстона дар ин ҷумҳурӣ вобаста аст.
Президент РФ Владимир Путин и председатель КНР Си Цзиньпин на саммите G20 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Манфиати ҳамкориҳои низомии Чину Русия барои Осиёи Марказӣ
Руденко гуфт, Русия ба аҳолӣ кумаки бевосита ва саъй мекунад, то созмонҳои байналмилалиро гирди ҳам ораду дороиҳои карахтшудаи ин ҷумҳурӣ дар хориҷи кишварро раҳоӣ бахшад.
Ба таъкиди ӯ, террористон метавонанд зери ниқоби гурезаҳо ба Русия ва Осиёи Марказӣ ворид шаванд, ки Маскав ин гуна усулро хуб мефаҳмад.

"Бо назардошти ин мо бо давлатҳои ҳамсояи Афғонистон чораҳои пешгирикунанда андешида истодаем", - гуфт муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия.

Ҳамин тариқ давлатҳо мубодилаи иттилоот ва машқҳои сершумор анҷом медиҳанд. Русия тавассути интиқоли силоҳ ва воситаҳои махсус пеш аз ҳама барои таҳкими амнияти сарҳад кумак мекунад.
Ба гуфтаи Руденко, вазифаи асосии Русия аз он иборат аст, ки ба буҳрони дохилии Афғонистон роҳ надиҳад ва аз тавсеаи таҳдидҳо ҷилавгирӣ намояд.
Лентаи хабарҳо
0