Толибон: Донишгоҳҳои Афғонистон ба далели камбуди маблағ баста боқӣ мемонанд

© REUTERS \ Zohra BensemraБоевик Талибана* у входа в школу в Кабуле, Афганистан
Боевик Талибана* у входа в школу в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Обуна шудан
Толибон мегӯянд, дар баробари камбуди маблағ ҳамчунин масъалаи боз кардани синфхонаҳои махсус барои духтарон ва ҷалби омӯзгорон барои онҳо ҳалли худро наёфтааст
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар Афғонистон ба далели буҳрони иқтисодӣ баста боқӣ мондаанд. Дар ин бора рӯзномаи "Hindustan Times" бо истинод ба вазири таҳсилоти олии ин кишвар хабар дод.

"Барои ифтитоҳи донишгоҳҳо вақти бештар лозим аст. Пеш аз оғози омӯзиш бояд масоили марбут ба маблағгузории донишгоҳҳо, ифтитоҳи синфхонаҳои вижа барои духтарон ва ҷалби омӯзгорон барои онҳо ҳал карда шавад", - омадааст дар изҳороти Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ.

Изҳороти нави вазири маорифи Афғонистон дар ҳолест, ки ӯ 12 сентябр ваъда дода буд, "давоми як ҳафта" кори донишгоҳҳо дубора оғоз мешавад.
Ҳамзамон ӯ эътироф кард, ки бахши маориф яке аз соҳаҳои бештар осебдида аст, нахуст бар асари пандемияи коронавирус ва баъдан ба сабаби иваз шудани ҳукумат дар Афғонистон.
Студенты во время урока в университете Avicenna в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Якҷо нашинед: таҳсилоти зану мард дар донишгоҳҳои Афғонистон дар аҳди Толибон* - аксҳо
Ба гуфтаи вазир, раванди таълим дар Афғонистон бар асоси ҷинсият сурат хоҳад гирифт: ба писарон омӯзгорони мард ва ба донишҷӯдухтарон омӯзгорони зан дарс хоҳанд дод ва таҳсили онҳо алоҳида сурат мегирад.
Дар авохири ҳафтаи гузашта толибон аз таъсиси як воҳиди нави пулис иборат аз 170 нафар эълом карданд, то муассисаҳои таълимӣ аз ҳамлаҳои мухолифони таҳсили занонро ҳифз кунанд.
Лентаи хабарҳо
0