https://sputnik.tj/20211226/sokhtmon-casa-hol-qaror-sharh-vazir-1044397372.html
Сохтмони CASA-1000 дар чӣ ҳол қарор дорад? Шарҳи вазир
Сохтмони CASA-1000 дар чӣ ҳол қарор дорад? Шарҳи вазир
Sputnik Тоҷикистон
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, шарҳ дод, ки сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA-1000 дар ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя дар чӣ ҳол қарор дорад
2021-12-26T10:30+0500
2021-12-26T10:30+0500
2021-12-27T17:31+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
афғонистон
қирғизистон
покистон
интиқол
далер ҷумъа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032491880_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_3e720b9d95ec2f2b289a0d885337f5b7.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 80 фоизи корҳо дар сохтмони CASA-1000 анҷом ёфтаанд. Далер Ҷумъа дар суҳбат бо нашрияи "Ҷумҳурият" изҳор дошт, ки аксарияти таҷҳизот ба кишвар ворид гардида, феълан насбу сохтмон идома дорад. Вазир таъкид намуд, ки қисмати тоҷикистонии ин хатти интиқоли барқ соли 2022-юм омода хоҳад шуд. Дар мавриди ҳолати кор дар кишварҳои ҳамсоя Далер Ҷумъа бо такя ба иттилои дарёфтияш изҳор кард, ки дар Афғонистон низ аксарияти таҷҳизот дастрас шуда, нисфи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Ӯ илова намуд, ки дар Покистон низ корҳои сохтмонӣ соли равон такон ёфта, бунёди зеристгоҳи асосӣ ва хатҳои интиқоли барқ аллакай сар шудаанд. Вазир гуфт, бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои иштирокдори ин тарҳ дар тамос аст, то бар суръати корҳои сохтмониро афзуда шавад. Далер Ҷумъа таъкид намуд, ки тарҳи CASA-1000 аз нигоҳи маблағгузорӣ, таҷҳизот ва сохтмон феълан дар сатҳе қарор дорад, ки ягон шубҳа дар амалишавияш нест ва чизе наметавонад монеаи он шавад. Ӯ афзуд, уҳдадориҳои кишварҳои иштирокдори ин тарҳ дар созишномаи генералӣ зикр шудаанд. Бар асоси тарҳи CASA-1000, интизор меравад, аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон ҳудуди ҳазор мегаватт ва ба Афғонистон ҳудуди сесад мегаватт нерӯи барқ содир шавад.
https://sputnik.tj/20211202/kabir-tojikiston-loiha-casa-1000-idoma-1043904265.html
афғонистон
қирғизистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032491880_139:0:1039:675_1920x0_80_0_0_b3b0abdfc59e3f0ca60a8f9580a82ea5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сохтмон, хатти интиқол, барқ, афғонистон, тоҷикистон, покистон, қирғизистон
сохтмон, хатти интиқол, барқ, афғонистон, тоҷикистон, покистон, қирғизистон
Сохтмони CASA-1000 дар чӣ ҳол қарор дорад? Шарҳи вазир
10:30 26.12.2021 (Навсозишуда: 17:31 27.12.2021) Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон шарҳ дод, ки сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA-1000 дар ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя дар чӣ сатҳ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 80 фоизи корҳо дар сохтмони CASA-1000 анҷом ёфтаанд.
Далер Ҷумъа дар суҳбат бо нашрияи "Ҷумҳурият" изҳор дошт, ки аксарияти таҷҳизот ба кишвар ворид гардида, феълан насбу сохтмон идома дорад. Вазир таъкид намуд, ки қисмати тоҷикистонии ин хатти интиқоли барқ соли 2022-юм омода хоҳад шуд.
Дар мавриди ҳолати кор дар кишварҳои ҳамсоя Далер Ҷумъа бо такя ба иттилои дарёфтияш изҳор кард, ки дар Афғонистон низ аксарияти таҷҳизот дастрас шуда, нисфи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд.
Ӯ илова намуд, ки дар Покистон низ корҳои сохтмонӣ соли равон такон ёфта, бунёди зеристгоҳи асосӣ ва хатҳои интиқоли барқ аллакай сар шудаанд.
Вазир гуфт, бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои иштирокдори ин тарҳ дар тамос аст, то бар суръати корҳои сохтмониро афзуда шавад.
Далер Ҷумъа таъкид намуд, ки тарҳи CASA-1000 аз нигоҳи маблағгузорӣ, таҷҳизот ва сохтмон феълан дар сатҳе қарор дорад, ки ягон шубҳа дар амалишавияш нест ва чизе наметавонад монеаи он шавад. Ӯ афзуд, уҳдадориҳои кишварҳои иштирокдори ин тарҳ дар созишномаи генералӣ зикр шудаанд.
Бар асоси тарҳи CASA-1000, интизор меравад, аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон ҳудуди ҳазор мегаватт ва ба Афғонистон ҳудуди сесад мегаватт нерӯи барқ содир шавад.