Разведкаи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз чӣ якдигарро огоҳ мекунанд? Шарҳи Шералӣ Мирзо

© Фото : Фотохост ШОС / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото
Министр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Обуна шудан
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон, созишномаи ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар бахши разведкаи ҳарбиро ба суди ҳар ду ҷониб хонд
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Созишномаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ, ки ахиран парлумон тасвиб кард, ба гуфтаи Шералӣ Мирзо дар шароити ташаннуҷи вазъ дар минтақа ба суди амнияти ҳар ду давлат мебошад.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ҳадафи созишнома мус­таҳкам намудани ҳамкориҳо байни вазоратҳои мудофиаи ҳар ду кишвар дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ мебошад.
Дар доираи созишнома ташрифи расмии роҳбарон, мулоқоти мутахассисон, мубодилаи мутақобилаи иттилоот доир ба вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад, хабар дод нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Шералӣ Мирзо.
Манбаъ афзуд, ки инчунин табодули иттилоъ дар мавриди вазъият дар ҳудуди давлати тарафҳо сурат мегираду машғулиятҳои муштарак ва махсус баргузор карда мешаванд.
Личный состав пограничного поста Максат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Нисбатан муътадил: Қирғизистон вазъият дар марзро шарҳ дод
Вазири мудофиаи Тоҷикистон аз афзоиши таҳдиду хатарҳои минтақавӣ, аз ҷумла густариши гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар минтақа зикр намуда, афзуд, ки созишнома ба манфиати таъмини амнияти миллии ҳар ду кишвар мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахираш се созишнома бо Ӯзбекистон дар бахши мудофиа ва амниятро тасвиб кард, ки моҳи июни соли равон дар доираи сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Душанбе имзо шуда буданд.
Дар ин феҳраст аз ҷумла созишнома ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи ҳавоӣ, созишнома барои ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва аэродромҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои авиатсияи давлатӣ ҳангоми ҳолатҳои рафънопазир ё "форс-мажор" ва санади сеюм дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0