Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ: Чорводорӣ дар Душанбе муваққатан иҷозат дода шавад

© PixabayКозы в снегу
Козы в снегу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Обуна шудан
Дар бархе аз минтақаҳои шаҳри Душанбе, ки ахиран аз қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ба пойтахт пайвастанд, бо мақсади таъмини арзонию фаровонии маҳсулоти ширию гӯштӣ, парвариши ҳайвоноту паранда муваққатан иҷозат дода мешавад
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе мегӯяд, дар аксари маҳаллаҳое, ки ахиран аз ноҳияи Рӯдакӣ ба пойтахт пайвастанд, парвариши чорвои хурду калон ва парранда ҷой дорад.
Танзими парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар баъзе минтақаҳои шаҳри Душанбе аз мавзуъҳои меҳварии ҷаласаи ахири вакилони пойтахт таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ буд, хабар дод шаҳрдорӣ.
Манбаъ афзуд, раиси шаҳри Душанбе зикр кард, аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 7,6 ҳазор гектар замин ва 70 маҳалла ба қаламрави пойтахт ворид гардиданд.

"Дар аксари хоҷагиҳои шаҳрвандон чорвои калони шохдор, чорвои хурд ва парранда, инчунин дигар ҳайвонот парвариш карда мешавад", - изҳор дошт Рустами Эмомалӣ.

Ӯ дар идома пешниҳод намудааст, ки барои таъмини бозори пойтахт бо маҳсулоти гӯштию ширӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти аввалия, нигоҳдории ҳайвонот дар маҳаллаҳои воридгардида ба муҳлати ду сол муваққатан иҷозат дода шавад. Таъкид шудааст, тайи ин муддат бояд ҷамоатҳои воридгардида ба талаботи шаҳрдорӣ мутобиқ гардонда шаванд.
Намоиши чорвои зотӣ дар шаҳри Ваҳдат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Намоиши чорвои зотӣ: Вазорат гуфт, Тоҷикистон чанд гов, бузу гӯсфанд ва асп дорад
Ин дар ҳолест, ки расман дар қаламрави пойтахти Тоҷикистон танҳо парвариши бархе аз ҳайвонҳои хонагӣ, ба монанди гурба, саг ва паррандаҳои хушхон ва хурди ғайриистеъмолӣ иҷозат мебошад.
Барои нақзи қоидаҳо дар соҳаи парвариши чорво дар пойтахт, бар асоси моддаи 480-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин шудааст.
Қаблан шаҳрдорӣ ҳушдор дода буд, ки барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран даст задан ба парвариши чорво ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то панҷоҳ ва шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 64 сомониро ташкил хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0