Ҳушдори толибон ба ИМА: Аз ҷанг хаста нашудем ва омодаем, 40 соли дигар биҷангем

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Обуна шудан
Толибон мегӯянд, мардуми Афғонистон дар сурати зарурӣ омодааст, боз 40 соли дигар биҷангад
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ҳукумати толибон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъват мекунад, ки ба корҳои дохилии ин кишвар дигар мудохила накунад ва дар сурати дахолат кардан онҳо муқовимат нишон медиҳанд.
Ин ҳарфҳоро Шермуҳаммад Аббос Станакзай, муовини вазири умури хориҷии ҳукумати муваққати толибон рӯзи якшанбе ба шабакаи 1TV-и Афғонистон баён дошт.
"Ман мехостам ба Иёлоти Муттаҳида ҳушдор диҳам, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад", - таъкид намудааст ӯ.
Ин намояндаи толибон зикр намуд, "ҳеҷ кас набояд фикр кунад, ки афғонҳо аз ҷанг хаста шудаанд ва наметавонанд аз худ дифоъ кунанд. Агар лозим шавад, ин мардум то 40 соли дигар алайҳи "таҷовузгарон" муқовимат нишон диҳад".
Ба гуфтаи Станакзай дар чаҳор моҳи ахир, аз замони ба қудрат расидани толибон дар Кобул, "Афғонистон барои аввалин бор дар даҳсолаҳои ахир ба қабули тасмимҳои мустақили худ шуруъ кард".
Капитолий, здание в Вашингтоне, где заседает конгресс США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Толибон ба Конгресси Амрико нома ирсол карданд
Толибон баъди эълони тасмими Амрико дар бораи хуруҷи нирӯҳои мусаллаҳаш аз ин кишвар амалиёти густурда барои барқарории назорат бар Афғонистонро оғоз карданд.
Рӯзи 15-уми август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури ин кишвар Афғонистонро тарк кард.
Шашуми сентябр толибон эълон карданд, тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат қарор додаанд ва ҳафтуми сентябр ҳайати ҳукуматро эълон карданд, ки то ҳол он аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0