https://sputnik.tj/20211226/gazprom-ittihomot-avrupo-posuz-komil-dod-1044415370.html
"Газпром" ба иттиҳомоти Аврупо посухи комил дод
"Газпром" ба иттиҳомоти Аврупо посухи комил дод
Sputnik Тоҷикистон
Ин ширкат тибқи қарордодҳои қаблан имзошуда ба кишварҳои аврупоӣ сӯзишворӣ интиқол медиҳад
2021-12-26T14:30+0500
2021-12-26T14:30+0500
2023-10-02T17:09+0500
энергетика
аврупо
газ
дар русия
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1c/1032171511_0:178:3007:1869_1920x0_80_0_0_67767119df3d2e325f4a55d432ceb761.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Иттиҳоми Аврупо дар таъмини нокофии манобеъ алайҳи "Газпром"-и Русия фиребанда ва қобили қабул нест. Дар ин бора дар эфири шабакаи телевизионии "Россия 1" намояндаи ширкат Сергей Куприянов изҳори назар кард.Ба гуфтаи Куприянов, истифодакунандагон аллакай ҳаҷми солонаи дар шартнома пешбинишударо интихоб кардаанд. Ӯ Фаронса ва Олмонро мисол овард."Газпром" айни замон иқтидори фармоиширо бар асоси дархостҳо анҷом медиҳад. Ҳамзамон ширкат уҳдадориҳои худро барои транзит тавассути Украина 15 декабр иҷро кард, таъкид намуд вай.Ширкати "Газпром" тайи 11-у ним моҳ интиқоли маводи сӯхт ба кишварҳои хориҷи дурро ба 178,1 миллиард метри мукааб афзоиш додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 қариб 5% (8,2 миллиард метри мукааб) зиёд аст. Ҳамин тариқ Олмон, Италия, Руминия, Лаҳистон, Дания, Финландия ва бархе дигар давлатҳо бештар аз Русия газ гирифтаанд.Куприянов гуфт, ширкат омодааст, ҳаҷми иловагии сӯзишвориро тибқи қарордодҳои мавҷудаи тӯлонимуддат таъмин намояд ва нархи интиқол вобаста ҷои он ба таври қобили мулоҳиза кам аст. Илова бар ин "Газпром" интиқоли баръаксро аз Олмон ба Лаҳистон ва зоҳиран минбаъд ба Украина дар ҳаҷми аз се то панҷ миллион метри мукааб дар як рӯз қайд кард. "Дар баробари ин, аз анборҳои зеризаминии Олмон газ боло меравад, ки 47 дарсади он аллакай гирифта шудааст. Қарори оқилонатарин нест", - афзуд сухангӯи "Газпром".Нархи чунин мавод аз арзиши ҳаҷми шартномавӣ, ки Федератсияи Русия содир мекунад, зиёдтар аст.Қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки "Газпром" аз рӯи қарордодҳои дарозмуддат захираҳоро таъмин мекунад ва ҳамтоёни олмонию фаронсавӣ барои харид дархост пешниҳод накардаанд. Ҳамин тариқ, роҳбари Русия дар бораи болоравии рекордии нархи сӯзишворӣ дар Аврупо ва ҳамчунин иттиҳомоти зидди Маскав изҳори назар кард.Ёдовар мешавем, ки Украина аз соли 2015 ба ин сӯ мустақиман аз Федератсияи Русия сӯзишворӣ намехарид, балки дар асл онро дар Аврупо мехарад.
https://sputnik.tj/20211223/putin-afzoish-qimat-gaz-avruporo-sharh-1044356230.html
аврупо
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1c/1032171511_138:0:2869:2048_1920x0_80_0_0_a50f38e980cf2fe5ce05b7b3daf60052.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия украина аврупо газ
"Газпром" ба иттиҳомоти Аврупо посухи комил дод
14:30 26.12.2021 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Ин ширкат, тибқи қарордодҳои қаблан имзошуда бо кишварҳои аврупоӣ, ба ин қора сӯзишворӣ интиқол медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Иттиҳоми Аврупо дар таъмини нокофии манобеъ алайҳи "Газпром"-и Русия фиребанда ва қобили қабул нест. Дар ин бора дар эфири шабакаи телевизионии "Россия 1" намояндаи ширкат Сергей Куприянов изҳори назар кард.
"Ҳамаи иттиҳомоти зидди Русия ва "Газпром" дар бораи он ки мо ба бозори Аврупо гази кам мефиристем, комилан беасос буда, қобили қабул нест ва воқеият надорад", - тавзеҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи Куприянов, истифодакунандагон аллакай ҳаҷми солонаи дар шартнома пешбинишударо интихоб кардаанд. Ӯ Фаронса ва Олмонро мисол овард.
"Газпром" айни замон иқтидори фармоиширо бар асоси дархостҳо анҷом медиҳад. Ҳамзамон ширкат уҳдадориҳои худро барои транзит тавассути Украина 15 декабр иҷро кард, таъкид намуд вай.
Ширкати "Газпром" тайи 11-у ним моҳ интиқоли маводи сӯхт ба кишварҳои хориҷи дурро ба 178,1 миллиард метри мукааб афзоиш додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 қариб 5% (8,2 миллиард метри мукааб) зиёд аст.
Ҳамин тариқ Олмон, Италия, Руминия, Лаҳистон, Дания, Финландия ва бархе дигар давлатҳо бештар аз Русия газ гирифтаанд.
Куприянов гуфт, ширкат омодааст, ҳаҷми иловагии сӯзишвориро тибқи қарордодҳои мавҷудаи тӯлонимуддат таъмин намояд ва нархи интиқол вобаста ҷои он ба таври қобили мулоҳиза кам аст.
Илова бар ин "Газпром" интиқоли баръаксро аз Олмон ба Лаҳистон ва зоҳиран минбаъд ба Украина дар ҳаҷми аз се то панҷ миллион метри мукааб дар як рӯз қайд кард.
"Дар баробари ин, аз анборҳои зеризаминии Олмон газ боло меравад, ки 47 дарсади он аллакай гирифта шудааст. Қарори оқилонатарин нест", - афзуд сухангӯи "Газпром".
Нархи чунин мавод аз арзиши ҳаҷми шартномавӣ, ки Федератсияи Русия содир мекунад, зиёдтар аст.
Қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки "Газпром" аз рӯи қарордодҳои дарозмуддат захираҳоро таъмин мекунад ва ҳамтоёни олмонию фаронсавӣ барои харид дархост пешниҳод накардаанд. Ҳамин тариқ, роҳбари Русия дар бораи болоравии рекордии нархи сӯзишворӣ дар Аврупо ва ҳамчунин иттиҳомоти зидди Маскав изҳори назар кард.
Ёдовар мешавем, ки Украина аз соли 2015 ба ин сӯ мустақиман аз Федератсияи Русия сӯзишворӣ намехарид, балки дар асл онро дар Аврупо мехарад.