https://sputnik.tj/20211226/abu-zabi-tojikiston-fehrast-kishvarhoi-bekhatar-1044412990.html
Рӯйхат дар пандемия: Абузабӣ Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои бехатар қарор дод
Рӯйхат дар пандемия: Абузабӣ Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои бехатар қарор дод
Sputnik Тоҷикистон
Идораи фарҳангу сайёҳии Абу-Забӣ, пойтахти Имороти муттаҳидаи араб Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои ба истилоҳ "сабз" ё бехатар қарор додааст
2021-12-26T11:00+0500
2021-12-26T11:00+0500
2021-12-27T17:34+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
имороти муттаҳидаи араб
феҳраст
сайёҳат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/05/1042064733_0:0:3220:1811_1920x0_80_0_0_b7672f383813107b921983ebd6a9f190.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Абузабӣ феҳрасти кишварҳои бехатар барои сайёҳат дар шароити пандемияро бозбинӣ намуда, бархе аз кишварҳои Африқо ва Амрикои Лотиниро аз он хориҷ кард. Рӯйхати ба истилоҳ "сабз" аз 95 то ба 73 кишвар ихтисор карда шуд. Таъкид шудааст, ки барои сайёҳон аз кишварҳои дохили феҳраст зимни вуруд ба ИМА зарур нест, ки дар карантин бишинанд. Қоидаҳои ҷадид аз 26 декабр мавриди амал қарор мегиранд, хабар додаанд расонаҳо бо такя ба Идораи фарҳангу сайёҳии Абузабӣ. Зикр гардидааст, ки тағйирот ба далели бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар бархе кишварҳо роҳандозӣ гардидааст. Ба рӯйхати кишварҳои амн дар баробари Тоҷикистон инчунин Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Исроил, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Русия, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон ворид мешаванд. Барои сафар ба Абузабӣ сайёҳонро зарур аст, ки на бештар аз 48 соат қабл аз лаҳзаи вуруд аз ташхиси ПСР гузаранду дар сомонаи махсус сабт шаванд. Инчунин бо насби замима дар телефонҳо дар фурудгоҳ низ аз ташхиси фаврии коронавирус мегузаранду баъди 6 рӯзи ҳузур дубора ин корро такрор мекунанд. Барои афроде, ки ваксина нагирифтаанд, дар рӯзи нуҳуми ҳузур дар Абузабӣ низ ташхис таъйин гардида, вуруд ба бархе аз ҷойҳои ҷамъиятӣ барояшон маҳдуд мебошад.
https://sputnik.tj/20211222/shirkat-haj-intizor-safar-zoirin-tojik-2022-1044317384.html
имороти муттаҳидаи араб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/05/1042064733_489:0:3220:2048_1920x0_80_0_0_1bb12bdb49fa72376c14d3c00950113f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
абу-забӣ, имороти муттаҳидаи араб, тоҷикистон, сайёҳат, карантин
абу-забӣ, имороти муттаҳидаи араб, тоҷикистон, сайёҳат, карантин
Рӯйхат дар пандемия: Абузабӣ Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои бехатар қарор дод
11:00 26.12.2021 (Навсозишуда: 17:34 27.12.2021) Идораи фарҳангу сайёҳии Абузабӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои ба истилоҳ "сабз" ё бехатар қарор додааст
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Абузабӣ феҳрасти кишварҳои бехатар барои сайёҳат дар шароити пандемияро бозбинӣ намуда, бархе аз кишварҳои Африқо ва Амрикои Лотиниро аз он хориҷ кард. Рӯйхати ба истилоҳ "сабз" аз 95 то ба 73 кишвар ихтисор карда шуд.
Таъкид шудааст, ки барои сайёҳон аз кишварҳои дохили феҳраст зимни вуруд ба ИМА зарур нест, ки дар карантин бишинанд. Қоидаҳои ҷадид аз 26 декабр мавриди амал қарор мегиранд, хабар додаанд расонаҳо бо такя ба Идораи фарҳангу сайёҳии Абузабӣ.
Зикр гардидааст, ки тағйирот ба далели бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар бархе кишварҳо роҳандозӣ гардидааст.
Ба рӯйхати кишварҳои амн дар баробари Тоҷикистон инчунин Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Исроил, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Русия, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон ворид мешаванд.
Барои сафар ба Абузабӣ сайёҳонро зарур аст, ки на бештар аз 48 соат қабл аз лаҳзаи вуруд аз ташхиси ПСР гузаранду дар сомонаи махсус сабт шаванд. Инчунин бо насби замима дар телефонҳо дар фурудгоҳ низ аз ташхиси фаврии коронавирус мегузаранду баъди 6 рӯзи ҳузур дубора ин корро такрор мекунанд.
Барои афроде, ки ваксина нагирифтаанд, дар рӯзи нуҳуми ҳузур дар Абузабӣ низ ташхис таъйин гардида, вуруд ба бархе аз ҷойҳои ҷамъиятӣ барояшон маҳдуд мебошад.