Тагиров тамошобинонро бо таронаи Let It Snow ба ҳайрат овард, аммо пирӯз нашуд — видео

Обуна шудан
Илҳом Тагиров, сарояндаи ҷавони тоҷик дар даври ниманиҳоии озикни "Голос" бо як таронаи машҳури солинавӣ баромад кард.
Таронаи Let It Snow охирин иҷрои Илҳом Тагиров дар охмуни машҳури "Голос" буд. Ӯ ба даври финалӣ роҳ наёт.
Оҳанги иҷрокардаи Тагиров яке аз маъруфтарин таронаҳои солинавӣ мебошад, ки онро бори нахуст соли 1945 Вон Монро сабт кардааст.
Ин тарона тӯли солҳои бештар машҳур гашта, онро шумораи зиёди ҳунармандон, аз ҷумла Фрэнк Синатра, Дин Мартин, Элла Фитзҷералд, Род Сюарт иҷро карданд ва ҳадди аққал беш аз бист иҷрои барҷастаи он маълум аст.
Пеш аз суханронӣ Илҳом эҳсосоти худро аз иштирок дар лоиҳа нақл кард.

"Дар аввал ҳадаф танҳо он буд, ки дар даври интихобӣ гузарам, то кишварро шарманда накунем. Аммо вақт гузашт ва аллакай дар нимфинал ҳастам", - гуфт Тагиров.

Вай афзуд, ҳунарнамоии ӯ дар даври ниманиҳоӣ бояд "як ҷашни воқеӣ бошад, суруд мустақиман ба Соли нав, бо табъи солинавӣ ва фазои солинавӣ иртибот дорад".
Овозхон Пелагея ҳунарнамоии шаҳрванди Тоҷикистонро хеле услубӣ ва шоиста хонда гуфт, он чизеро ки мехост аз ин иҷроиш дарёфт шуд.
Донандаи 4 забону овозхони фитрӣ: Илҳом Тагиров, ки доварони "Голос"-ро тасхир кард, кист?
Ёдовар мешавем, ки Илҳом Тагиров ба даври ниҳоии озмуни "Голос" роҳ наёфт. Тибқи баҳогузории мураббии даста Дима Билан ва овози тамошобинон Эрнар Садирбоев, намояндаи Қазоқистон аз Илҳом пеш гузашта, ба даври финалӣ роҳ ёфт.
Илҳом Тагиров 27 сол дорад ва зодаи шаҳри Турсунзода мебошад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, донанадаи чор забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ аст. Тавре худаш мегӯяд, маълумоти мусиқӣ надорад ва касе аз хонаводаашон санъаткор ҳам нест.
Лентаи хабарҳо
0