Бо табассум ва кулвори таҷриба меравам: Тагиров бо мухлисони "Голос" падруд гуфт

Обуна шудан
Сарояндаи ҷавони тоҷик Илҳом Тагиров дар мавсими даҳуми озмуни "Голос" роҳашро поён дод
Ӯ дар мусоҳиба баъд аз ширкат дар даври ниманиҳоӣ иқрор шуд, ки барои пирӯзии рақибаш Ернар Содирбоев хеле шод аст.

"Фикр мекунам, ки ӯ воқеан, сазовори он аст, ки бо чунин садои баланд ва қавӣ ба финал биравад, то рақобат кунад ва тими Биланро ба сатҳи боз ҳам баландтар барад", - гуфт Тагиров.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи иштирокчиёни лоиҳа дӯстони хеле хуб шудаанд.
"Ман барои ӯ хавотир мешудам, вай барои ман, ин тими мост, — бо табассум хулоса кард Илҳом.
Қобили зикр аст, Ернар низ дар як мусоҳиба пас аз анҷоми даври ниманиҳоӣ эътироф кард, ки дар саҳна бештар на барои худ, балки барои рақибаш Илҳом Тагиров нигарон аст.
Овозхон аз Тоҷикистон бо ин ҳарфҳо бо мухлисонаш хайрухуш кард:

"Бо табассум дар чеҳра ва бо кулвори таҷрубаву эҳсосоти нав меравам".

Пас аз он ки ҳар ду узви дастаи Дима Билан сурудҳои озмунро иҷро карданд, тамошобинонро боз як "сюрприз" интизор буд. Тагиров ва Содирбоев ҳамроҳ бо сарояндаи эстрада ва ҷази советию рус Лариса Долина суруд хонданд.
Ба гуфтаи Илҳом, ӯ "қабл аз ҳунарнамоӣ бо ҳунарманди шинохта ҳаяҷон" надошт.
"Ман имкон доштам, ки бо ин нафар дар як саҳна суруд хонам, бубинам, ки ӯ дар саҳна чӣ гуна рафтор мекунад ва аз ӯ ибрат гирам. Ин барои ман шарафи бузург аст", - гуфт Тагиров.
Ёдовар мешавем, Илҳом Тагиров дар даври ниманиҳоии озмуни "Голос" бо таронаи солинавии "Let It Snow" баромад кард.
Бар асоси баҳогузории мураббии даста Дима Билан ва тамошобинон, сарояндаи қазоқ Эрнар Содирбоев аз Тагиров пеш гузашт. Ҳамин тавр Тагиров дар ин давра аз лоиҳа канор рафт.
Лентаи хабарҳо
0