https://sputnik.tj/20211225/rusiya-nakhustin-giriftor-omikroni-khudi-1044409438.html
Дар Русия нахустин ҳолати гирифторӣ ба омикрони "маҳаллӣ" сабт шуд
Дар Русия нахустин ҳолати гирифторӣ ба омикрони "маҳаллӣ" сабт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Русия тавсияҳои навро барои муолиҷаи штамми нави коронавирус, таҳия мекунад
2021-12-25T19:43+0500
2021-12-25T19:43+0500
2021-12-25T19:57+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
гирифторон
дар русия
коронавирус
омикрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/05/1032951575_0:0:3181:1790_1920x0_80_0_0_a0b73b1ee1867dd0619eed0866cc980c.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар Русия ҳолатҳои сироятёбӣ ба омикрон, ки аз хориҷ ворид нушадааст, ба қайд гирифта шуд.Дар ин бора Михаил Мурашко, раҳбари Вазорати тандурустии Русия зимни боздид аз маркази нави бемориҳои сироятии Дон изҳор дошт. Вазир инчунин таъкид кард, ки ташхиси коронавирус дар гурӯҳҳои кӯдакона ба далели штамми омикрон ба як вазифаи муҳим табдил ёфтааст. Ба гуфти ӯ, маълум шуд, ки омикрон нисбат ба штаммҳои қаблан дучоршуда хеле зудтар паҳн мешавад. "Кӯдакон бештар ба раванди сироятӣ ҷалб мешаванд, ташхиси саривақтии бемориҳои сироятӣ дар гурӯҳҳои кӯдакона зарур аст", - афзуд Мурашко.Дар ҳоли ҳозир дар Русия 41 ҳолати сироятёбӣ ба штамми омикрон тасдиқ шудааст. Гирифторон дар беморхона таҳти назорати табибон қарор доранд, 16 нафар аллакай шифо ёфтаанд. Қаблан пизишки масъуниятшинос Крючков дар мусоҳиба бо радиои Sputnik даъват карда буд, ки ба далели омикрон муҳлати реваксинатсия то чор моҳ кам карда шавад. Штамми омикрон бори нахуст дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана кашф карда шуд. Фарқияташ аз штаммҳои қаблиро, табибон шумораи зиёди мутатсияҳо меноманд. Олимон гуфтанд, чӣ гуна коронавирус муҳофизати баданро вайрон мекунадСозмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин штаммро "нигароникунанда" номид ва онро ба муносибати ҳарфи 15-уми алифбои юнонӣ "омикрон" номгузорӣ кард.номид.Коршиносон сироятнокии махсуси штамми навро қайд мекунанд - ҳам одамоне, ки шифо ёфтаанд ва ҳам ононе, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд дубора гирифтори ин беморӣ шаванд.Аломатҳо асосии омикрон - дарди сар, хастагии шадид, табларза, дарди бадан ва сареъ шудани кори дил гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20211225/chi-guna-koronavirus-badanro-vayron-1044403055.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/05/1032951575_42:0:2773:2048_1920x0_80_0_0_3b32bd2cbd0c84bb2d3a23969f7bfd96.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омикрон, коронавирус, гирифторӣ, русия,
омикрон, коронавирус, гирифторӣ, русия,
Дар Русия нахустин ҳолати гирифторӣ ба омикрони "маҳаллӣ" сабт шуд
19:43 25.12.2021 (Навсозишуда: 19:57 25.12.2021) Вазорати тандурустии Русия тавсияҳои навро барои муолиҷаи штамми нави коронавирус, таҳия мекунад
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар Русия ҳолатҳои сироятёбӣ ба омикрон, ки аз хориҷ ворид нушадааст, ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора Михаил Мурашко, раҳбари Вазорати тандурустии Русия зимни боздид аз маркази нави бемориҳои сироятии Дон изҳор дошт.
"Мо назорат карда истодаем ва мебинем, ки зуҳури ҳолатҳои воридотӣ (омикрон) мушоҳида мешавад, ки зуд маҳаллӣ мешаванд. Аммо дар қаламрави Русия аллакай ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст", - гуфт ӯ.
Вазир инчунин таъкид кард, ки ташхиси коронавирус дар гурӯҳҳои кӯдакона ба далели штамми омикрон ба як вазифаи муҳим табдил ёфтааст.
Ба гуфти ӯ, маълум шуд, ки омикрон нисбат ба штаммҳои қаблан дучоршуда хеле зудтар паҳн мешавад.
"Кӯдакон бештар ба раванди сироятӣ ҷалб мешаванд, ташхиси саривақтии бемориҳои сироятӣ дар гурӯҳҳои кӯдакона зарур аст", - афзуд Мурашко.
Дар ҳоли ҳозир дар Русия 41 ҳолати сироятёбӣ ба штамми омикрон тасдиқ шудааст. Гирифторон дар беморхона таҳти назорати табибон қарор доранд, 16 нафар аллакай шифо ёфтаанд.
Қаблан пизишки масъуниятшинос Крючков дар мусоҳиба бо радиои Sputnik даъват карда буд, ки ба далели омикрон муҳлати реваксинатсия то чор моҳ кам карда шавад.
Штамми омикрон бори нахуст дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана кашф карда шуд. Фарқияташ аз штаммҳои қаблиро, табибон шумораи зиёди мутатсияҳо меноманд.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин штаммро "нигароникунанда" номид ва онро ба муносибати ҳарфи 15-уми алифбои юнонӣ "омикрон" номгузорӣ кард.номид.
Коршиносон сироятнокии махсуси штамми навро қайд мекунанд - ҳам одамоне, ки шифо ёфтаанд ва ҳам ононе, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд дубора гирифтори ин беморӣ шаванд.
Аломатҳо асосии омикрон - дарди сар, хастагии шадид, табларза, дарди бадан ва сареъ шудани кори дил гуфта мешавад.