https://sputnik.tj/20211225/prokuror-sharifzoda-arz-mardum-barrasi-1044406370.html
Баъди эроди прокурор Шарифзода аз зердастонаш хост, арзи мардумро сари вақт баррасӣ кунанд
Баъди эроди прокурор Шарифзода аз зердастонаш хост, арзи мардумро сари вақт баррасӣ кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Хуҷанд аз кормандонаш хостааст, ки дархости шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ кунанд
2021-12-25T16:30+0500
2021-12-25T16:30+0500
2021-12-27T13:04+0500
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0d/1032818872_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_8fbb5ea9b531a0490a704fb469ca7984.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Дар пайи норозигии ахири Авазҷон Назарзода, прокурори Хуҷанд ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин шаҳр дар бораи сари вақт баррасӣ нашудани муроҷиати шаҳрвандон шаҳрдор Фирдавс Шарифзода аз кормандонаш хостааст, ба ин масъала ҷиддӣ аҳамият диҳанд. Фирдавс Шарифзода ин нуктаро зимни қабули шаҳрвандони корафтода ироа кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдори ХуҷандБа иттилои манбаъ, шанбеи 25-уми декабр, дар рӯзи қабули раиси Хуҷанд беш аз шаст нафар мушкилиҳои мавҷудаи худро бо шаҳрдор Фирдавс Шарифзода дар миён гузоштаанд. Дар пайи қабули корафтодагон раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулини дахлдор дастур додааст, ки дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ”, сари вақт муроҷиати сокинонро баррасӣ намоянд. Дастури Шарифзода ба роҳбарони идораҳои ҳукумат дар ҳолест, чанде қабл Авазҷон Назарзода, додситони Хуҷанд дар зимни як иҷлосия, ки ҳолати иҷрои Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар давраи солҳои 2019, 2020 ва нуҳ моҳи сипаригаштаи соли 2021 баррасӣ мешуд, дар бораи камбудиҳои ҷойдошта таъкид намуд. Назарзода афзуд, ҳарчанд то ин вақт дар ин самт корҳои муайяне ба иҷро расонида шудааст, вале аз тарафи баъзе шахсони масъул ва дигар ташкилоту муассисаҳо зимни баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муҳлатҳои муқаррагардидаи қонун нақз шудааст. “Дар баъзе ҳолатҳо дастуруламали “Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ", ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти №276 аз 01.06.2017 сол тасдиқ карда шудааст, риоя нагардида ва ба муаллифони муроҷиатҳо сари вақт ҷавоб гардонида нашудааст”, - қайд намуда буд додситони Хуҷанд. Бар пояи иттилои сухангӯи шаҳрдории Хуҷанд, дар миёни муроҷиаткунандаҳо онҳое ҳам буданд, ки азми сохтмони иншооти хидматрасонӣ дошта, ба ин васила дар ободии маҳаллаҳои шаҳр саҳм гузоштаниянд.
https://sputnik.tj/20211215/dodsiton-mansabdoroni-khujand-murojiat-vaqtash-nakardand-1044166923.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0d/1032818872_58:0:969:683_1920x0_80_0_0_fefa3b4d945f60fb1c9f8e4dfe21d7aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрод прокурор шарифзода арз мардум баррасӣ
эрод прокурор шарифзода арз мардум баррасӣ
Баъди эроди прокурор Шарифзода аз зердастонаш хост, арзи мардумро сари вақт баррасӣ кунанд
16:30 25.12.2021 (Навсозишуда: 13:04 27.12.2021) Раиси шаҳри Хуҷанд аз кормандонаш хостааст, ки дархости шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Дар пайи норозигии ахири Авазҷон Назарзода, прокурори Хуҷанд ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин шаҳр дар бораи сари вақт баррасӣ нашудани муроҷиати шаҳрвандон шаҳрдор Фирдавс Шарифзода аз кормандонаш хостааст, ба ин масъала ҷиддӣ аҳамият диҳанд.
Фирдавс Шарифзода ин нуктаро зимни қабули шаҳрвандони корафтода ироа кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд
Ба иттилои манбаъ, шанбеи 25-уми декабр, дар рӯзи қабули раиси Хуҷанд беш аз шаст нафар мушкилиҳои мавҷудаи худро бо шаҳрдор Фирдавс Шарифзода дар миён гузоштаанд.
"Шаҳрвандон вобаста ба масоили кӯмаки тиббӣ (муолиҷавӣ), сохтмон, баҳси замин, ободии маҳал, таъмини ҷойи кор, таъмири боми хона, расонидани кӯмаки моддӣ муроҷиат намуданд”, - хабар додааст манбаъ.
Дар пайи қабули корафтодагон раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулини дахлдор дастур додааст, ки дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ”, сари вақт муроҷиати сокинонро баррасӣ намоянд.
Дастури Шарифзода ба роҳбарони идораҳои ҳукумат дар ҳолест, чанде қабл Авазҷон Назарзода, додситони Хуҷанд дар зимни як иҷлосия, ки ҳолати иҷрои Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар давраи солҳои 2019, 2020 ва нуҳ моҳи сипаригаштаи соли 2021 баррасӣ мешуд, дар бораи камбудиҳои ҷойдошта таъкид намуд.
Назарзода афзуд, ҳарчанд то ин вақт дар ин самт корҳои муайяне ба иҷро расонида шудааст, вале аз тарафи баъзе шахсони масъул ва дигар ташкилоту муассисаҳо зимни баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муҳлатҳои муқаррагардидаи қонун нақз шудааст.
“Дар баъзе ҳолатҳо дастуруламали “Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ", ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти №276 аз 01.06.2017 сол тасдиқ карда шудааст, риоя нагардида ва ба муаллифони муроҷиатҳо сари вақт ҷавоб гардонида нашудааст”, - қайд намуда буд додситони Хуҷанд.
Бар пояи иттилои сухангӯи шаҳрдории Хуҷанд, дар миёни муроҷиаткунандаҳо онҳое ҳам буданд, ки азми сохтмони иншооти хидматрасонӣ дошта, ба ин васила дар ободии маҳаллаҳои шаҳр саҳм гузоштаниянд.