https://sputnik.tj/20211225/navori-parvozi-havopaymoi-rusi-1044405365.html
Навори аввалин парвози ҳавопаймои нави русии МС-21-300 нашр шуд
Навори аввалин парвози ҳавопаймои нави русии МС-21-300 нашр шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар интернет навори нахустин парвози ҳавопаймои MC-21-300-и Русия нашр шуд 25.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-25T15:32+0500
2021-12-25T15:32+0500
2021-12-25T15:56+0500
видео
санҷиш
ҳавопаймо
парвоз
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/19/1044404255_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_de6ef4fde51991a72f5fe9fc1a09513b.jpg
Дар наворҳо ҳолати парвози ҳавопаймо ва ҳаракати он дар баландии паст нишон дода мешавад. Ҳавопаймое, ки аз маводи воридотиваз сохта шудааст, нахуст рӯзи шанбеи 25 декабр дар майдони озмоишии корхонаи ҳавопаймосозии Иркутск ба ҳаво баромад."Парвоз дар реҷаи муқаррарӣ сурат гирифт", - гуфт хадамоти матбуоти корпоратсияи давлатии "Ростек"-и Русия.Таҳия ва истеҳсоли маводи композитии полимерии Русия барои боли ҳавопаймои MC-21 пас аз он оғоз шуд, ки Иёлоти Муттаҳида дар моҳи сентябри соли 2018 маҳдудиятҳои тиҷоратӣ барои "АэроКомпозит" ҷорӣ кард.Ҳиссаи композитҳо дар сохтори МС-21 қариб 40 фоизро ташкил дод. Эҷоди ин маводи ивазкунандаи воридот барои Русия 4,4 миллиард уфтод.MS-21 ("Ҳавопаймои магистралии асри XXI") - ҳавопаймои мусофирбарии миёнапарвози русӣ аст.Ҳавопаймо барои интиқоли аз 163 то 211 мусофир пешбинӣ шудааст. Ҳавопаймо аввалин парвози худро 28 майи соли 2017 анҷом дод ва бори аввал моҳи сентябри соли 2019 барои боздидҳои оммавӣ дар MAKS-2019 нишон дода шуд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Первый полет российского самолета МС-21-300 с крылом из российских композитов
Sputnik Тоҷикистон
Новейший российский самолет МС-21-300 с крылом из российских композитов выполнил первый полет
2021-12-25T15:32+0500
true
PT0M35S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/19/1044404255_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_3757bf0b24f9cd8bcc5bb68f26ecbadd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, санҷиш, ҳавопаймо, парвоз, дар русия, видео
видео, санҷиш, ҳавопаймо, парвоз, дар русия, видео
Навори аввалин парвози ҳавопаймои нави русии МС-21-300 нашр шуд
15:32 25.12.2021 (Навсозишуда: 15:56 25.12.2021) Дар интернет навори нахустин парвози ҳавопаймои MC-21-300-и Русия нашр шуд
Дар наворҳо ҳолати парвози ҳавопаймо ва ҳаракати он дар баландии паст нишон дода мешавад.
Ҳавопаймое, ки аз маводи воридотиваз сохта шудааст, нахуст рӯзи шанбеи 25 декабр дар майдони озмоишии корхонаи ҳавопаймосозии Иркутск ба ҳаво баромад.
"Парвоз дар реҷаи муқаррарӣ сурат гирифт", - гуфт хадамоти матбуоти корпоратсияи давлатии "Ростек"-и Русия.
Таҳия ва истеҳсоли маводи композитии полимерии Русия барои боли ҳавопаймои MC-21 пас аз он оғоз шуд, ки Иёлоти Муттаҳида дар моҳи сентябри соли 2018 маҳдудиятҳои тиҷоратӣ барои "АэроКомпозит" ҷорӣ кард.
Ҳиссаи композитҳо дар сохтори МС-21 қариб 40 фоизро ташкил дод. Эҷоди ин маводи ивазкунандаи воридот барои Русия 4,4 миллиард уфтод.
MS-21 ("Ҳавопаймои магистралии асри XXI") - ҳавопаймои мусофирбарии миёнапарвози русӣ аст.
Ҳавопаймо барои интиқоли аз 163 то 211 мусофир пешбинӣ шудааст.
Ҳавопаймо аввалин парвози худро 28 майи соли 2017 анҷом дод ва бори аввал моҳи сентябри соли 2019 барои боздидҳои оммавӣ дар MAKS-2019 нишон дода шуд.