Бархӯрди ҳудуди 20 мошин дар роҳи Алмаато - Хоргос - видео

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкТучи над горной местностью
Тучи над горной местностью  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Обуна шудан
Дар ин садама панҷ нафар ҷароҳат бардошта, ҳамаи онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар шоҳроҳи Алмаато-Хоргос садамаи шадиде бо ширкати тақрибан 20 мошин рух дод, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
"Рӯзи 25-уми декабр, тақрибан соати 10:00 дар километри 134-уми шоҳроҳи Алмаато - Хоргос бар асари номусоиди обуҳаво, меҳ бо ширкати 17 мошин садамаи нақлиётӣ рух дод", — хабар медиҳад дафтари матбуотии вилояти Алмаато.
Дар ин садамаи нақлиётӣ панҷ нафар ҷароҳат бардошта, ба беморхонаи деҳаи Шелек интиқол ёфтаанд.
Дар ҷои ҳодисаи садамаи нақлиётӣ отрядҳои патрулӣ кор мекунанд. Ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ, аз километри 84 то 136 мамнуъ шудааст.
Ба гуфтаи шоҳидон, роҳ ях зада буд.
Кормандони милитсия ба ронандагон муроҷиат карданд, ки ҳангоми ҳаракат то ҳадди имкон бодиққат ва боэҳтиёт бошанд, меъёри суръат, масофа ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври қатъӣ риоят кунанд.
Садамаи мудҳиши пурқурбонӣ дар Булғористон: даҳҳо кӯдак ҳалок шуд
Қаблан Хадамоти роҳи Қазоқистон ба ронандагони вилояти Алмаато ҳушдор дода буд, ки бар асари бориши зиёди барф аз соати 9.30-и рӯзи шанбе ҳаракати ҳама намуди мошинҳо аз 83 то 184-километрии роҳи Ушарал — Дӯстӣ, қитъаи истгоҳҳои Коктум — Достик масдуд шудааст.
Лентаи хабарҳо
0