https://sputnik.tj/20211224/shuro-fr-fazo-difo-tojikistonro-1044388605.html
Шӯрои Федератсияи Русия таъсиси фазои муштараки дифоӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард
Шӯрои Федератсияи Русия таъсиси фазои муштараки дифоӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан ин санад аз сӯи Думаи давлатии Русия тасвиб шуда буд
2021-12-24T17:35+0500
2021-12-24T17:35+0500
2021-12-24T20:09+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
артиш
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102532/24/1025322444_0:1:1275:718_1920x0_80_0_0_32f740eb28b2730503b7317f8b354cc6.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Шӯрои Федератсиюни Русия созишнома бо Тоҷикистон дар бораи таъсиси низоми воҳиди дифои ҳавоии минтақаро тасвиб кард. Қаблан Кумитаи байналмилалии Шӯрои Федератсия аз созишномаи Русия ва Тоҷикистон дар бораи дифои муштараки ҳавоӣ ҳимоят карда буд. Гуфта мешавад, ду кишвар тарҳи бунёди як системаи дифои ҳавоиро дар назар доранд, ки ҷузъи ҷудонашавандаи системаи муштараки дифои ҳавоии кишварҳои узви ИДМ хоҳад шуд. Он бо мақсади тақвияти иқдомоти дифоӣ дар қиболи ҳуҷуми ҳавоӣ дар минтақа ташкил карда шудааст.Созишномаи мазкур тартиби идоракунии низом ва роҳандозии амалиёти муштарак, инчунин ташкили қабул ба иншооти ҳарбӣ ва истифодаи муштараки зерсохти низомиро муайян мекунад. Тибқи ин санад, дар замони осоишта системаи муштараки дифои зиддиҳавоӣ даъват карда мешавад, ки тарафҳоро дар бораи пайдо шудани дороиҳои кайҳонии ҷосусон огоҳ месозад, инчунин риояи қоидаҳои убури ҳавопаймоҳо аз сарҳади давлатии Тоҷикистонро назорат кунад. Ёдовар мешавем, лоиҳаи ниҳоии ташкили системаи муштараки дифоиро вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо таҳияву тасдиқ кардаанд.Шартнома ба муҳлати панҷ сол баста шуда, дар оянда он метавонад ба таври худкор тамдид шавад.
https://sputnik.tj/20211115/rusiya-nizomi-padofandi-havoii-tojikiston-tasdiq-kard-1043563809.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Подразделения ПВО развернули С-400 на учениях Южного военного округа
Sputnik Тоҷикистон
Подразделения ПВО развернули С-400 на учениях Южного военного округа
2021-12-24T17:35+0500
true
PT0M46S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102532/24/1025322444_159:0:1116:718_1920x0_80_0_0_a2836f8b79dcd86b8d58a4be9570c98e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шӯро фрусия фазо муштарак дифоъӣ тоҷикистонро
шӯро фрусия фазо муштарак дифоъӣ тоҷикистонро
Шӯрои Федератсияи Русия таъсиси фазои муштараки дифоӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард
17:35 24.12.2021 (Навсозишуда: 20:09 24.12.2021) Қаблан ин санад аз сӯи Думаи давлатии Русия тасвиб шуда буд
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Шӯрои Федератсиюни Русия созишнома бо Тоҷикистон дар бораи таъсиси низоми воҳиди дифои ҳавоии минтақаро тасвиб кард.
Қаблан Кумитаи байналмилалии Шӯрои Федератсия аз созишномаи Русия ва Тоҷикистон дар бораи дифои муштараки ҳавоӣ ҳимоят карда буд.
Гуфта мешавад, ду кишвар тарҳи бунёди як системаи дифои ҳавоиро дар назар доранд, ки ҷузъи ҷудонашавандаи системаи муштараки дифои ҳавоии кишварҳои узви ИДМ хоҳад шуд.
Он бо мақсади тақвияти иқдомоти дифоӣ дар қиболи ҳуҷуми ҳавоӣ дар минтақа ташкил карда шудааст.
Созишномаи мазкур тартиби идоракунии низом ва роҳандозии амалиёти муштарак, инчунин ташкили қабул ба иншооти ҳарбӣ ва истифодаи муштараки зерсохти низомиро муайян мекунад.
Тибқи ин санад, дар замони осоишта системаи муштараки дифои зиддиҳавоӣ даъват карда мешавад, ки тарафҳоро дар бораи пайдо шудани дороиҳои кайҳонии ҷосусон огоҳ месозад, инчунин риояи қоидаҳои убури ҳавопаймоҳо аз сарҳади давлатии Тоҷикистонро назорат кунад.
Ёдовар мешавем, лоиҳаи ниҳоии ташкили системаи муштараки дифоиро вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо таҳияву тасдиқ кардаанд.
Шартнома ба муҳлати панҷ сол баста шуда, дар оянда он метавонад ба таври худкор тамдид шавад.