https://sputnik.tj/20211224/ruydodhoi-sol-2021-tasvirbayon-1044379791.html
Аз хидмати пулакӣ то низои марзиву ҳаводиси Хоруғ: рӯйдодҳои сол - тасвирбаён
Аз хидмати пулакӣ то низои марзиву ҳаводиси Хоруғ: рӯйдодҳои сол - тасвирбаён
Sputnik Тоҷикистон
Соли 2021 дар Тоҷикистон ҳаводиси зиёде рух дод. Муҳимтарини онҳоро дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон дарёбед
2021-12-24T15:00+0500
2021-12-24T15:00+0500
2021-12-25T12:45+0500
тасвирбаён
дар тоҷикистон
сол
ҳаводис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/18/1044378210_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_d562eced770c5c9f5eb42d897d0488c5.png
Тоҷикистон соли 2021-ро бо ҳатмӣ кардани андозбандии “Google” оғоз кард. Ширкатҳои хориҷӣ муваззаф шуданд, андоз аз арзиши иловашударо ба миқдори 18% пардохт кунанд. Ҳамчунин дар моҳи аввали сол президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пирӯзӣ бар коронавирус эълон карду деҳқонон дар робита ба ҳамагирӣ ба муддати як сол аз пардохти андоз озод шуданд.Навгониҳои соҳаи ҳарбӣ дар ТоҷикистонБаъдтар мақомот аз “пулакӣ” шудани хидмати ҳарбӣ хабар доданд. Барои аз сарбозӣ озод шудан бояд ба давлат 25,2 ҳазор сомонӣ пардохт кард ва як моҳ дарси омодагии ҳарбӣ гузашт.Моҳи феврал барои тоҷикистониён бо хабари хуш оғоз шуд. Дари масҷидҳо пас аз як соли маҳдудияти ковидӣ ба рӯйи намозгузорони тоҷик боз шуд.Моҳи март маъракаи ваксиназанӣ бо "Astrazeneca" оғоз шуд. Феълан сокинони кишвар бо панҷ навъи ваксина аз коронавирус моякӯбӣ мешаванд: "Спутник V", "Astra Zeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer".Охири моҳи апрел ноором буд. Миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари маркази тақсимоти оби “Головной” низоъ сар зад. Ин муноқиша чор рӯз давом карда, 55 кушта ва тақрибан 300 захмӣ аз ҳар ду ҷониб бар ҷой гузошт. Қирғизистон пас аз танишҳои марзӣ сарҳадашро бо Тоҷикистон баст. Яке аз шартҳои бозкушоӣ аломатгузории пурраи марз гуфта шуд.“Асрори баҳсҳои марзӣ. Ворух”: 47 соли ҳаводис аз “А” то “Я”Моҳи май дар вилояти Суғд дараҷаи баландтарини хатар эълон шуд. Дар пайи селҳои азим на кам аз 23 кас ҷон бохта, садҳо хона валангору заминҳо зери об монданд. Ин ҳодисаи нохуши табиӣ то 19 июл идома кард. Моҳи июн мавҷи нави коронавирус ба Тоҷикистон ҳуҷум кард. Штамми делта аз хориҷ ба кишвар роҳ ёфт. Пас аз он Бозиҳои олимпӣ-2020 дар Токио оғоз шуд. Дар ин сабқати ҷаҳонӣ 10 варзишкори тоҷик ширкат кард, вале Тоҷикистон бе медал монд.Моҳи август дар Афғонистон қудрат ба дасти толибон гузашт ва ба хотири ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи вазъ дар марз бо Тоҷикистон моҳи октябр тамриноти густурдаи муштараки СААД "Ҳамкорӣ", "Ҷустуҷӯ" ва "Эшелон" баргузор шуд.Шарҳи КДАМ ва вазъи феълӣ дар Хоруғ: Аз кушташудаҳо то маҷрӯҳон - видеоҲамчунин соли 2021 аз 30-солагии истиқлол ҷашн гирифта шуду ба ин муносибат 16 ҳазор зиндонӣ авф шуд. Нишасти СҲШ ва СААД таҳти раҳбарии Тоҷикистон дар Душанбе низ аз рӯйдодҳои муҳими сол буд.Охири моҳи ноябр вазъ дар Хоруғ ноором шуд: дар пайи ҳалокати як сокини маҳаллӣ дар зимни боздошт тазоҳурот сар зад ва ҳамчунин ба ин хотир дар Русия, ИМА ва Урупо шаҳрвандони кишвар таҷаммуъ карданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/18/1044378210_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_75bb4836c1fbafd5bb4a13e40f3b2c32.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рухдодҳои муҳим, соли 2021,
рухдодҳои муҳим, соли 2021,
Аз хидмати пулакӣ то низои марзиву ҳаводиси Хоруғ: рӯйдодҳои сол - тасвирбаён
15:00 24.12.2021 (Навсозишуда: 12:45 25.12.2021) Соли 2021 дар Тоҷикистон ҳаводиси зиёде рух дод. Муҳимтарини онҳоро дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон дарёбед
Тоҷикистон соли 2021-ро бо ҳатмӣ кардани андозбандии “Google” оғоз кард. Ширкатҳои хориҷӣ муваззаф шуданд, андоз аз арзиши иловашударо ба миқдори 18% пардохт кунанд. Ҳамчунин дар моҳи аввали сол президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пирӯзӣ бар коронавирус эълон карду деҳқонон дар робита ба ҳамагирӣ ба муддати як сол аз пардохти андоз озод шуданд.
Баъдтар мақомот аз “пулакӣ” шудани хидмати ҳарбӣ хабар доданд. Барои аз сарбозӣ озод шудан бояд ба давлат 25,2 ҳазор сомонӣ пардохт кард ва як моҳ дарси омодагии ҳарбӣ гузашт.
Моҳи феврал барои тоҷикистониён бо хабари хуш оғоз шуд. Дари масҷидҳо пас аз як соли маҳдудияти ковидӣ ба рӯйи намозгузорони тоҷик боз шуд.
Моҳи март маъракаи ваксиназанӣ бо "Astrazeneca" оғоз шуд. Феълан сокинони кишвар бо панҷ навъи ваксина аз коронавирус моякӯбӣ мешаванд: "Спутник V", "Astra Zeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer".
Охири моҳи апрел ноором буд. Миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари маркази тақсимоти оби “Головной” низоъ сар зад. Ин муноқиша чор рӯз давом карда, 55 кушта ва тақрибан 300 захмӣ аз ҳар ду ҷониб бар ҷой гузошт. Қирғизистон пас аз танишҳои марзӣ сарҳадашро бо Тоҷикистон баст. Яке аз шартҳои бозкушоӣ аломатгузории пурраи марз гуфта шуд.
Моҳи май дар вилояти Суғд дараҷаи баландтарини хатар эълон шуд. Дар пайи селҳои азим на кам аз 23 кас ҷон бохта, садҳо хона валангору заминҳо зери об монданд. Ин ҳодисаи нохуши табиӣ то 19 июл идома кард.
Моҳи июн мавҷи нави коронавирус ба Тоҷикистон ҳуҷум кард. Штамми делта аз хориҷ ба кишвар роҳ ёфт. Пас аз он Бозиҳои олимпӣ-2020 дар Токио оғоз шуд. Дар ин сабқати ҷаҳонӣ 10 варзишкори тоҷик ширкат кард, вале Тоҷикистон бе медал монд.
Моҳи август дар Афғонистон қудрат ба дасти толибон гузашт ва ба хотири ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи вазъ дар марз бо Тоҷикистон моҳи октябр тамриноти густурдаи муштараки СААД "Ҳамкорӣ", "Ҷустуҷӯ" ва "Эшелон" баргузор шуд.
Ҳамчунин соли 2021 аз 30-солагии истиқлол ҷашн гирифта шуду ба ин муносибат 16 ҳазор зиндонӣ авф шуд. Нишасти СҲШ ва СААД таҳти раҳбарии Тоҷикистон дар Душанбе низ аз рӯйдодҳои муҳими сол буд.
Охири моҳи ноябр вазъ дар Хоруғ ноором шуд: дар пайи ҳалокати як сокини маҳаллӣ дар зимни боздошт тазоҳурот сар зад ва ҳамчунин ба ин хотир дар Русия, ИМА ва Урупо шаҳрвандони кишвар таҷаммуъ карданд.