Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Мясников: Дар Русия ваксинае мавҷуд аст, ки омикронро бозмедорад

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкГлавврач ГКБ им. Жадкевича Александр Мясников
Главврач ГКБ им. Жадкевича Александр Мясников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Обуна шудан
Мутахассис гуфт, ба табибони ватанӣ дар бартараф кардани варианти нави COVID-19 чӣ кумак хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Пизишк ва муҷрии телевизион Александр Мясников як доруи русиро ном бурд, ки метавонад паҳншавии штамми омикронии коронавирусро боздорад.
Дар ин бора ӯ дар канали "Telegram"-и иттилоъ додааст. Ба гуфти мутахассис, истифодаи ваксинаи димоғӣ бар зидди COVID-19 ба пешгирӣ аз паҳншавии штамми нав мусоидат мекунад.

"Ҷорӣ намудани ваксинаи димоғӣ бар зидди COVID-19 метавонад паҳншавии босуръати омикронро суст кунад. Паҳншавии онро маҳз дар нуқтаи воридшавӣ - бинӣ бозмедорад". - навиштааст Мясников.

Нимаи моҳи октябри соли 2021 Вазорати тандурустии Русия ба озмоишҳои клиникии ваксинаи зидди коронавируси SPRAY 08-Gam-COVID-Vac-2021, ки аз ҷониби Маркази тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Гамалея таҳия шудааст, иҷозат дод.
Ба гуфти намояндагони ин марказ, дору таъсири манфӣ надошт ва худи ин раванд бедард тавсиф мешавад, ки барои эҷоди монеаи изофӣ дар қиболи вирус дар роҳҳои болоии нафас таҳия шудааст.
Ваксина аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин озмуда шуд, ки гуфт, ҳеҷ ногуворие эҳсос накардааст.
Работа ковид-госпиталя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пирону эминнашудаҳо: омикрон киҳоро бештар сироят мекунад
Бори аввал штамми нави SARS-CoV-2 дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана кашф карда шуд. Фарқият аз штаммҳои қаблиро табибон дар шумораи зиёди мутатсияҳои он арзёбӣ кардаанд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин штаммро "нигароникунанда" номид ва онро "омикрон", бо номи ҳарфи 15-уми алифбои юнонӣ унвон кард.
Зукомро аз омикрон чӣ тавр фарқ кардан мумкин аст?
Аломатҳои омикрон аз дарди сар, хастагии шадид, табларза ва дарди бадан иборатанд.
Дар ҳоли ҳозир дар Русия расман 41 ҳолати сироят ба штамми омикрон ба қайд гирифта шудааст, вале суръати паҳншавии он рӯз то рӯз афзоиш меёбад.
Лентаи хабарҳо
0