Дар як минтақаи Русия барои муҳоҷирон хидматрасонии нав эҷод шуд

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкМигранты в России
Мигранты в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Обуна шудан
Хидматрасонии нав будубоши хориҷиёнро дар Русия осонтар мекунад
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ханти-Мансийск аз таҳияи хидматрасонии иттилоотии "Мигрант" хабар дод. Дар ин бора портали "Открытый регион - Югра" менависад.
Хидматрасонии интернетии минтақавӣ барои мутобиқсозии иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия омадаанд, пешбинӣ шудааст.
Бо ёрии хадамоти нав муҳоҷирон бо тартиби дастрасӣ ба хидматрасониҳои давлатӣ ва коммуналӣ ошно мешаванд. Ҳамчунин дар ин платформа суроғаи вебсайтҳои муассисаҳое, ки муҳоҷирон метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро аз тариқи он тартиб диҳанд, ҷой дода мешавад.
Дар баробари ин дар ин хидматрасонӣ марказҳои ёрирасони муҳоҷират бо суроғаашон ҷой дода мешавад.
Бо кумаки ин хадамот муҳоҷирон аз омода шудани патент, иҷозаи иқомати муваққатӣ ё иҷозаи иқомат дар Русия огоҳӣ пайдо мекунанд.
Мужчина на фоне такси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Як минтақаи дигари Русия кори муҳоҷиронро дар таксӣ манъ кард
Афзун бар ин, дар ин пойгоҳ дастурҳои видеое дар бораи омӯзиши забони русӣ, мавод барои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, ифротгароӣ ва терроризм мунташир мешаванд.
Феълан кори система аз ҷониби мутахассисон санҷида мешавад. Агар санҷиш бомуваффақият гузарад, он дастраси ҳамагон мегардад.
Ёдовар мешавем, чанде пеш дар Ҳавзаи Мухтори Ханта-Мансийск кори ронандагӣ, фурӯшандагӣ дар амокини фурӯши машрубот ва тамоку, истеҳсоли ғизои кӯдакона, фаъолият дар соҳаи маориф ва ғайра барои муҳоҷирон мамнуъ эълон шуд.
Лентаи хабарҳо
0