https://sputnik.tj/20211224/rahmon-aliev-zodruz-izhori-tamanniyot-hamkori-1044376385.html
Занги Раҳмон ба Алиев дар зодрӯз: аз изҳори таманниёт то баррасии ҳамкориҳо
Занги Раҳмон ба Алиев дар зодрӯз: аз изҳори таманниёт то баррасии ҳамкориҳо
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳамтои озарбойҷонияш, Илҳом Алиевро бо зодрӯзаш шодбош гуфта, ҳамкории ду кишварро баррасӣ кардаанд
2021-12-24T13:05+0500
2021-12-24T13:05+0500
2021-12-24T13:05+0500
дар тоҷикистон
илҳом алиев
шодбош
мулоқот
табрик
озарбойҷон
зодрӯз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/86/1028778684_0:0:2048:1151_1920x0_80_0_0_9c6e6f3089ab0f47285151f1694e9b98.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба Илҳом Алиев занг зада, 60-умин солгарди зодрӯзро барояш шодбош гуфтааст. Раҳмон ба Алиев саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатӣ муваффақиятҳои навро ба нафъи мардуми дӯсти Озарбойҷон таманно кардааст. Дар идома аз талошҳои пайваставу созандаи Илҳом Алиев тавсиф шудааст, ки барои рушди муносиботи Тоҷикистону Озарбойҷон амалӣ мекунад. "Ҳамчунин, алоқамандии тарафайн ба пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи равобити байни ду кишвар, аз ҷумла бо роҳи татбиқи ҳадафмандонаи тавофуқоти қаблан бадастомада таъкид гардид", - омадааст дар иттилоия.Илҳом Алиев 24 декабри соли 1961 дар шаҳри Боку таваллуд шуда, аз соли 2003 баъди фавти падараш роҳбарии Озарбойҷонро ба уҳда дорад. Мулоқоти ахири ҳузурии Раҳмон ва Алиев оохири ноябри соли раовн дар шаҳри Ишқобод баргузор шуда буд. Роҳбарони ду кишвар барои тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат, саноат, нақлиёт, коммуникатсия, боркашонӣ ва дигар бахшҳои судманд, ҳавасмандӣ ва омодагии худро изҳор карданд.Инчунин созиш шудааст, ки соли 2022 рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор шавад.Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Озарбойҷонро даъват кард, ки дар вақти барояш мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ояд ва Алиев ин даъватро пазируфтааст.
https://sputnik.tj/20211128/rahmon-laghvi-mahdudiyatho-marbuti-koronavirus-tijorat-1043813563.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/86/1028778684_98:0:1918:1365_1920x0_80_0_0_86730e13415ef0bed695e44ec986e208.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
илҳом алиев, эмомалӣ раҳмон, тоҷикистон, озарбойҷон
илҳом алиев, эмомалӣ раҳмон, тоҷикистон, озарбойҷон
Занги Раҳмон ба Алиев дар зодрӯз: аз изҳори таманниёт то баррасии ҳамкориҳо
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳамтои озарбойҷонияш, Илҳом Алиевро бо зодрӯзаш шодбош гуфта, ҳамкории ду кишварро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 24 дек - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба Илҳом Алиев занг зада, 60-умин солгарди зодрӯзро барояш шодбош гуфтааст.
Раҳмон ба Алиев саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатӣ муваффақиятҳои навро ба нафъи мардуми дӯсти Озарбойҷон таманно кардааст.
Дар идома аз талошҳои пайваставу созандаи Илҳом Алиев тавсиф шудааст, ки барои рушди муносиботи Тоҷикистону Озарбойҷон амалӣ мекунад.
"Ҳамчунин, алоқамандии тарафайн ба пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи равобити байни ду кишвар, аз ҷумла бо роҳи татбиқи ҳадафмандонаи тавофуқоти қаблан бадастомада таъкид гардид", - омадааст дар иттилоия.
Илҳом Алиев 24 декабри соли 1961 дар шаҳри Боку таваллуд шуда, аз соли 2003 баъди фавти падараш роҳбарии Озарбойҷонро ба уҳда дорад.
Мулоқоти ахири ҳузурии Раҳмон ва Алиев оохири ноябри соли раовн дар шаҳри Ишқобод баргузор шуда буд.
Роҳбарони ду кишвар барои тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат, саноат, нақлиёт, коммуникатсия, боркашонӣ ва дигар бахшҳои судманд, ҳавасмандӣ ва омодагии худро изҳор карданд.
Инчунин созиш шудааст, ки соли 2022 рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор шавад.
Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Озарбойҷонро даъват кард, ки дар вақти барояш мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ояд ва Алиев ин даъватро пазируфтааст.