https://sputnik.tj/20211224/osiyo-markazi-mejunbad-khf-uzbekiston-1044387904.html
Чаро Осиёи Марказӣ зуд-зуд "меҷунбад"? посухи КҲФ Ӯзбекистон
Чаро Осиёи Марказӣ зуд-зуд "меҷунбад"? посухи КҲФ Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Заминларза на танҳо дар Ӯзбекистону Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа як мушкили маъмулист
2021-12-24T16:33+0500
2021-12-24T16:33+0500
2021-12-24T20:33+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
заминларза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0b/1040797600_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_2059d70ccb1bc23792b2c1e5ef923fcc.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон гуфт, ки чаро заминларзаи зиёд барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хос аст. Ин изҳорот пас аз сабти заминларза дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон садо дод. Коршиносон қайд мекунанд, ки қисми зиёди қаламрави Ӯзбекистон аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол аст. Минтақаҳое, ки заминларза дар онҳо бештар мушоҳида мешавад, водии Фарғона, шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд мебошанд. Дар ин кишвар давоми як сол ба ҳисоби миёна қариб 1200 ларзиши заифу қавӣ ба қайд гирифта шудааст. Аксарияти онҳоро танҳо бо таҷҳизоти махсус муайян кардан мумкин аст, афзуд манбаъ.Фақат дар водии Фарғона дар як ҳафта аз 20 то 25 зилзила ба амал меояд, ки ин як раванди табиӣ гуфта мешавад. Илова бар ин Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистони ҳаммарз бо Ӯзбекистон низ ба рӯйхати минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол ворид шудаанд. Дар Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ тавзеҳ доданд, ки заминларзаҳои шадиди қаламрави ин кишварҳо дар кишварҳои ҳамсоя низ эҳсос мешаванд.Танҳо дар тирамоҳи соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 10 заминларза бо қувваҳои беш аз чорбалла сабт шудааст.Тобистон дар минтақаи Тоҷикободи кишвар заминларзаи шадид рух дода, дастикам 20 манзилро тахриб кард. Ларзиш бештар дар ҷамоати Лангари Шоҳ эҳсос шуд, ки дар пай панҷ қурбонӣ низ дошт.
https://sputnik.tj/20211218/sabt-zaminlarza-marz-tojikiston-qirghiziston-1044238371.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0b/1040797600_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_6f0a937a1d21493bc79ffe19ba6adda2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиё марказӣ "меҷунбад" посухи кҳф ӯзбекистон
осиё марказӣ "меҷунбад" посухи кҳф ӯзбекистон
Чаро Осиёи Марказӣ зуд-зуд "меҷунбад"? посухи КҲФ Ӯзбекистон
16:33 24.12.2021 (Навсозишуда: 20:33 24.12.2021) Заминларза на танҳо дар Ӯзбекистону Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа як мушкили маъмулист
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон гуфт, ки чаро заминларзаи зиёд барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хос аст. Ин изҳорот пас аз сабти заминларза дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон садо дод.
Коршиносон қайд мекунанд, ки қисми зиёди қаламрави Ӯзбекистон аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол аст.
Минтақаҳое, ки заминларза дар онҳо бештар мушоҳида мешавад, водии Фарғона, шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд мебошанд.
Дар ин кишвар давоми як сол ба ҳисоби миёна қариб 1200 ларзиши заифу қавӣ ба қайд гирифта шудааст. Аксарияти онҳоро танҳо бо таҷҳизоти махсус муайян кардан мумкин аст, афзуд манбаъ.
Фақат дар водии Фарғона дар як ҳафта аз 20 то 25 зилзила ба амал меояд, ки ин як раванди табиӣ гуфта мешавад.
Илова бар ин Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистони ҳаммарз бо Ӯзбекистон низ ба рӯйхати минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол ворид шудаанд.
Дар Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ тавзеҳ доданд, ки заминларзаҳои шадиди қаламрави ин кишварҳо дар кишварҳои ҳамсоя низ эҳсос мешаванд.
Танҳо дар тирамоҳи соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 10 заминларза бо қувваҳои беш аз чорбалла сабт шудааст.
Тобистон дар минтақаи Тоҷикободи кишвар заминларзаи шадид рух дода, дастикам 20 манзилро тахриб кард. Ларзиш бештар дар ҷамоати Лангари Шоҳ эҳсос шуд, ки дар пай панҷ қурбонӣ низ дошт.