https://sputnik.tj/20211224/mushakparoni-konsert-soli-navro-dushanbe-1044371452.html
Бидуни мушакпарониву консерт: Соли Навро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
Бидуни мушакпарониву консерт: Соли Навро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
Sputnik Тоҷикистон
Таҷлили бошукӯҳи Соли нав дар Тоҷикистон сурат намегирад ва он бо маҳдудиятҳо гузаронида мешавад
2021-12-24T10:03+0500
2021-12-24T10:03+0500
2021-12-24T12:48+0500
дар тоҷикистон
душанбе
таҷлили ид
соли нав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103033/64/1030336449_0:312:3001:2000_1920x0_80_0_0_c210cf4cff63186ae3022ce86b2e7514.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Таҷлил Соли Нав дар шаҳри Душанбе ба таври маҳдуд сурат гирифта, барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ гузаронида намешавад.Ин тасмим бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли бемории сироятии COVID–19, эмин нигоҳ доштани саломатии сокинону меҳмонони пойтахт ва иҷрои қарори ситоди ҷумҳуриявӣ гирифта шудааст, хабар медиҳад "Ховар" дар такя ба Раёсати фарҳанги ҳукумати пойтахт.Бар асоси ин тасмим, ҳамчунин дар шаби Соли Нав паронидани мушак дар маркази шаҳр ва чаҳор ноҳияи пойтахт манъ гардида, тибқи нақша, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар ин ноҳияҳо танҳо дар ҳудуди боғчаҳо барои кӯдакон баргузор мешаванд.Ҳамзамон гузоштани арчаи солинавӣ дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ манъ буда, барномаҳои фарҳангии идона танҳо дар доираи дарсҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.Ба иттилои масъулини бахши фарҳанги шаҳрдорӣ, рӯзҳои 28-29-уми декабр дар Сирки давлатии Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон таҳти унвони "Афсонаи солинавӣ" намоише барпо шуда, ҳамчунин аз рӯи асари нависандаи машҳур Темур Зулфиқоров, барномаи театрии "Бозгашти Хоҷа Насриддин" намоиш дода мешавад. Барномаи мазкур рӯзи аввал ба кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбон, рӯзи дуюм барои кӯдакону наврасони пойтахт ва дӯстдорони санъати сиркӣ намоиш дода мешавад.Қаблан аз ҳукумати шаҳр ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки Душанбе пурра барои таҷлили ин ид омода шудааст.Ҳамзамон дар бозорҳои калони пойтахт ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ мешавад, ки дар он ҷо молу маҳсулот назар ба нархи бозор арзонтар хоҳад буд, хабар доданд аз шаҳрдорӣ.
https://sputnik.tj/20211214/tojikistoniyon-sol-nav-istirohat-1044143696.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103033/64/1030336449_0:0:2667:2000_1920x0_80_0_0_70e8692118e655b70648bba1c6c6146d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мушакпаронив консерт соли навро душанбе
мушакпаронив консерт соли навро душанбе
Бидуни мушакпарониву консерт: Соли Навро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
10:03 24.12.2021 (Навсозишуда: 12:48 24.12.2021) Таҷлили бошукӯҳи Соли Нав дар Тоҷикистон сурат намегирад ва он бо маҳдудиятҳо гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Таҷлил Соли Нав дар шаҳри Душанбе ба таври маҳдуд сурат гирифта, барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ гузаронида намешавад.
Ин тасмим бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли бемории сироятии COVID–19, эмин нигоҳ доштани саломатии сокинону меҳмонони пойтахт ва иҷрои қарори ситоди ҷумҳуриявӣ гирифта шудааст, хабар медиҳад "Ховар" дар такя ба Раёсати фарҳанги ҳукумати пойтахт.
Бар асоси ин тасмим, ҳамчунин дар шаби Соли Нав паронидани мушак дар маркази шаҳр ва чаҳор ноҳияи пойтахт манъ гардида, тибқи нақша, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар ин ноҳияҳо танҳо дар ҳудуди боғчаҳо барои кӯдакон баргузор мешаванд.
Ҳамзамон гузоштани арчаи солинавӣ дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ манъ буда, барномаҳои фарҳангии идона танҳо дар доираи дарсҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.
Ба иттилои масъулини бахши фарҳанги шаҳрдорӣ, рӯзҳои 28-29-уми декабр дар Сирки давлатии Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон таҳти унвони "Афсонаи солинавӣ" намоише барпо шуда, ҳамчунин аз рӯи асари нависандаи машҳур Темур Зулфиқоров, барномаи театрии "Бозгашти Хоҷа Насриддин" намоиш дода мешавад.
Барномаи мазкур рӯзи аввал ба кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбон, рӯзи дуюм барои кӯдакону наврасони пойтахт ва дӯстдорони санъати сиркӣ намоиш дода мешавад.
Қаблан аз ҳукумати шаҳр ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки Душанбе пурра барои таҷлили ин ид омода шудааст.
Ҳамзамон дар бозорҳои калони пойтахт ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ мешавад, ки дар он ҷо молу маҳсулот назар ба нархи бозор арзонтар хоҳад буд, хабар доданд аз шаҳрдорӣ.